Ифротгароии динӣ ва терроризм-хатари ҷиддӣ ба рушди ҷомеа
Дар ибтидои асри ХХI падидаи ҷаҳонишавӣ рушд намуда, муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ байни халқиятҳову давлатҳо барқарор гардиданд. Имрӯзҳо дар мамлакати азизамон сулҳу субот, осоиштагӣ ҳукмфармост. Ҳамин оромии вазъ боис гардид, ки ислоҳотҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ ба таври густурда ба роҳ монда шаванд.
Аз тарафи дигар, мутаасифона падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (наркобизнес) ва ғайра дар ҷомеаи мо реша ронданд. Мафкура ва андешаҳое, ки ба қонуну қоидаҳои ҷамъият созгор нестанд ва зидди онҳо арзёбӣ мегарданд «ифротгароӣ» - «экстремистӣ» ҳисобида мешаванд. Агар дар ҷомеа ягон равияи диниро бархилофи моҳияти аслии дин маънидод кунем ва ба ҳаракати радикалии сиёсӣ табдил диҳем ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ба вуҷуд меояд.
Бояд кайд намуд, ки дар кишвари мо динҳои гуногун амал мекунанд. Аксарияти бошандагони Тоҷикистон мӯътақиди дини ислом (равияи суннӣ – мазҳабӣ ҳанафӣ) мебошанд. Дар Бадахшон қисме аз мардум ба мазҳаби исмоилияи равияи шиа эътиқод доранд. Инчунин, дар ҷумҳуриамон 85 иттиҳодияҳои ғайримусулмонӣ (насронӣ, баҳоӣ, зардуштӣ, яхудӣ ва ғ.) амал мекунанд[1]. Фаъолияти озоди дину мазҳабҳоро давлат кафолат медиҳад.
Ифротгароӣ - Экстремизм аз рӯи мазмун –динӣ ва дунявӣ ё аз рӯи зуҳурот- ҳудудӣ, минтақавӣ, байналхалқӣ шуда метавонад. Ифротгароӣ (экстремистӣ) хеле решаи чуқур дорад, он ҳеч гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад, экстремизми динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (насронӣ , буддоӣ, ҳиндуия ва ғ.) мавчуд аст.
Экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, он дар куҷое, ки зуҳур накунад дар назди худ мақсади асосӣ– барпо намудани «халифат- системаи идоракунӣ дар ислом»-ро мегузорад. Бо ин мақсад низоъҳо, ихтилофҳои мазҳабӣ ба вучуд меоварад, баромадхои яроқнок ташкил мекунад, бо роҳи зӯроварӣ ғасби ҳокимият, хунрезиро пеша мекунад. Ин амалҳо садди роҳи мустақилияти ҳар миллат, монеъгӣ баҳри тараққиёти ҷомеа мегардад. Дар ин маврид ҳаминро бояд таъкид намуд, ки дар китоби муқаддаси мусулмонон Қуръон мафҳуми Халифат нисбати давлати алоҳидаи мусулмонон вуҷуд надорад. Тибқи маълумоти ҳадиснигорон Абу Довуд ва Имом Тирмизӣ дар як ҳадиси Муҳаммад (с.а.с.) омадааст, ки «Халифат дар ҷомеаи ман си сол арзи ҳастӣ мекунад. Сипас салтанат (шоҳигӣ, монархия) ҳукм меронад», яъне давлатҳои алоҳида ҳукмронӣ мекунанд.
Ба хамагон маълум аст,ки имрӯз мутаасифона олами исломӣ ҷараёнҳои мураккаби иҷтимоиву сиёсиро аз сар мегузаронад. Хосатан дар Шарқи наздик ва дар дигар манотиқи дунё беқарорӣ, ихтилофу низоъ ҳукмфармост.
Амалҳои даҳшатноки террористии солхои охир, ки дар Покистон, Шарқи наздик (Сурияву Ироқ), Россия, Фаронса ва дигар манотиқи ҷаҳон содир шуданд ҳаминро собит мекунад, ки терроризм бо кадом ливое (динӣ, сиёсӣ, миллӣ, иқтисодӣ) баромад накунад, дар зери кадом ниқобе зуҳур накунад, мардуми бошууру меҳанпарасти кишварамон, хосатан ҷавонони баору номусамон бояд моҳияти ҷинояткоронаи онро дарк намуда, нияти ғаразноки онро фош намоянд.
Тибқи маълумотҳо имрӯз дар чаҳон беш аз 500 созмонҳои террористӣ амал мекунанд,ки 80% онҳо зери ниқоби дини мубини ислом фаъолият мебаранд. Ба қатори ташкилотҳои террористӣ «ал-Қоида», «Бародарони Мусулмон», «Ҳизбут-таҳрир», «ал-Ҷиҳод ал-Исломӣ», «ат-Такфир вал-Ҳиҷра» (Миср), «Абу Сайёф» (Филиппин), «Озод Ачех», «Лашкари ҷиҳод» (Индонезия), «Ҳаракати яроқноки исломӣ» (Ҷазоир), ваҳҳобия, гурӯҳи Абу Нидал, Ал-Ҷамоа ал-исломия, ҲАМАС, Ҳаракат ал-муҷоҳиддин, Ҳизбуллоҳ, «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва ғайра дохил мешаванд.
Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ хастем, ки имрӯзҳо созмони ба ном «Давлати исломӣ» (аз соли 2013- Давлати исломии Ироқу Лубнон) ба яке аз бузургтарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон, хосатан олами ислом табдил ёфтааст. Чи тавре, ки маълум, аст «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ва дигар давлатхои араб зӯроварӣ, қатлу ғорат, кушторҳои бераҳмонаро ба роҳ мондаанд. Роҳбарон ва пешвоёни ғоявии «Давлати исломӣ» ин ташкилотро ба сифати бузургтарин созмонии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо аз рӯи амалаш ин ташкилот имрӯз ба созмони ҷиноятпешаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Созмони мазкур дар давраи аввал бо номи «Ҷамоат ал-Тавҳид в -ал - Ҷиҳод» маълум гашт, сониян як чанд бор номи худро иваз намуда аз январи соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии гуруҳҳои террористи ба як ташкилоти воҳид бо номи «Ал – Қоидаи Ироқ» машҳур гашт. Сониян бо номи «Шӯрои муҷоҳид» ном гирифтааст. Аз октябри соли 2006 бо номи «Давлати исломии Ироқ» Ба ҳайати ибтидоии он шохаи Байнаннаҳрайнии «Ал- қоида» таҳти роҳбарии Абу Мусаб –ал Зарқавӣ, муҷоҳидони Шӯрои (палатаи болоии Миср) ва аъзоёни гурӯхии ҳарбии ироқи чанубии Ҷунд ас- Самоӣ, ки дар расонаҳои хабарии Ғарб бо номи «Аскарони осмонӣ» маълум буд, шомил гашта буданд.
Баъди кушта шудани Зарқавӣ ҷойи ӯро Абу Абдуллоҳ ал-Рашид ал-Бағдодӣ (ё ки Абу Умар ал-Бағдодӣ) соҳиб шуд ва то соли 2010 «ДИИ»-ро сарварӣ намуд. Маҳз Абу Умар ал-Бағдодӣ ҳуҷуми ДИИ –ро ба Сурия оғоз намуд. Аз соли 2010 инҷониб «Давлати исломи»-ро Иброҳим Аввад ал-Бадри ас-Самарроӣ (ё ки Абубакр Бағдодӣ) роҳбарӣ менамояд.
Ба муқобили «Давлатӣ исломӣ» қувваҳои ҳарбии ИМА (аз моҳи августи соли 2014), Фаронса (сентябри соли2014), Австралия (октябри соли 2014), Туркия (июли соли 2015) Олмон (сентябри соли 2015)вориди Сурияву Ироқ гашта, муборизро оғоз намуданд. 25 маи соли 2017 қувваҳои НАТО низ омодагии худро барои мубориза бар зидди «давлати исломӣ эълон намуд.
30 сентябри соли 2015, бо дархости Ҳукумати Сурия кӯшунҳои Федератсияи Россия ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави ин мамлакат шурӯъ кард. Кӯшишҳои давлатҳои номбурда буд, ки охирҳои соли 2017 қувваҳои «Давлати исломӣ» ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Сурия мағлуб карда шуданд.
Имрӯз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавчуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурӯҳҳои алоҳидаи он кӯшишҳои гузаронидани ислоҳотҳо ба назар мерасанд. Барои ба мазмуни ин масоил расидан бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар исломи муосир маълумот дошта бошем:
- ҷонибдорони ҷараёни аввал мӯътакиди секуляризм, зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.
- ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.
- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом мақсади ислоҳ намудани оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекӯшанд. Ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рӯи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд, риояи ҳатмии аркони Шариат ва аҳкоми динӣ пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.
Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Ваҳҳобия» ба шумор меравад. Ваҳҳобия аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он бо роҳи зӯроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.
Мутаасифона имрӯзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда бо ёрии гурӯҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.
Ифротгароии динӣ ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат тахдид менамояд. Аз ҷумла, шахсе, ки ба равияи ифротгароии динӣ шомил шудааст:
-аз оила, хешу табор ва наздиконаш маҳрум мегардад.;
- мавқеъи иҷтимоии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад, аз имкониятҳои донишомӯзӣ, соҳиби касби хуб шудан, дар ҷомеа ба мавкеъи муносиб соҳиб шудан маҳрум мегардад.
- дар зиндагӣ мавкеъи шахсии худро аз даст медихад, ӯ ба воқеъият танҳо аз нигоҳу ақидаи равияҳои ифротгароии динӣ назар мекунад;
- ҳаёти хешро дар маҳбас ва ё дар мамлакати бегона мегузаронад, ӯҳдадориҳояшро дар назди оила, палару модар ва пайвандонаш иҷро карда наметавонад:
- дар натиҷаи ба муҷозот кашида шудан ва ё ба кишварҳои хориҷӣ «ҳиҷрат» намудани аъзоёни равияҳои ифротгароӣ, дар оилаи онҳо парокандагӣ ба вуҷуд меояд, фарзандон аз тарбия дур мемонанд, оилаҳо бепарастор мегарданд
-ҷараёни аз насл ба насл гузаштани арзишҳои оилавӣ зарар мебинад, ҳувияти миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ аҳамияти худро гум мекунад ва дар натиҷа маънавият коҳиш меёбад;
- дар натиҷаи содир гаштани ҳаракатҳои ифротгарои ва террористӣ одамон ба зӯровариву қатлу ғорат, ба гарав гирифтану ғуломдорӣ одат мекунанд. Дар айни ҳол ин амалҳо дар байни қишри ҷомеа тарсу ваҳмро ба вучуд меоварад, селоби гурезаҳо зиёд мегардад;
- терроризм ва экстремизм ба авч гирифтани ҷинояткорӣ оварда мерасонад;
- давлат маҷбур мешавад, ки баҳри таъмини бехатарӣ аз буҷет маблағи зиёд харҷ намояд, яъне ҷамъият аз лиҳози иқтисодӣ зарари калон мебинад. Дар натча сафи бекорон зиёд мешавад, лоиҳаҳои ба самти ҳифзи иҷтимоӣ равона гашта, амалӣ намегарданд, сатҳи неқуаҳволии мардум поён мефарояд;
-тақдири мамлакат аз донорҳои иқтисодӣ ва давлатҳои бо фурӯши яроқу аслиҳа машғулбуда, вобаста мегардад.
Гуруҳҳои ифротгароӣ барои ба сафи худ ҷалб намудани ашхоси нав аз сомонаҳои иҷтимоии интернет васеъ истифода мебаранд. Бархе аз ҷавонон тавассути Интернет, дискҳо, телефони дастӣ ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ва дигар созмонҳо майлу рағбат пайдо мекунанд.
Барои пешгирии ифротгароии динӣ ва амалҳои террористӣ мо бояд ба масъалаҳои зайл эътибори ҷиддӣ диҳем:
- Қатъиян нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ гардем, кӯшиши вобаста намудани терроризмро бо ислом - бо дини бобоёнамон маҳкум намоем. Имрӯз бояд ба ҳифз кардани арзишҳои миллиамон, аз чумла маърифати ислом кушиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳали зистамон дар зери ниқоби ба масчидҳо ёрӣ расонидану созмон додани ташкилотҳои динӣ, дар мавзеҳои аз ҷониби сохторҳои давлатӣ назоратнашаванда ба роҳ монда шавад.
-Мо бояд ба ҷанбаҳои дохиливу берунаи мубориза алайҳи амалҳои террористиву ифротгароии динӣ динӣ таваҷҷух зоҳир намоем. Пеш аз ҳама сиёсати давлатамонро баҳри кушодани ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон дастгирӣ намоем, тавассути сиёсати бисёрҳизбӣ ва ошкорбаёнӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, иртиҷопарастиро зери танқидӣ шадид қарор диҳем, ниятҳои қабеҳи гурӯҳҳои террористиву экстемистиро фош намоем, оид ба ин масъала семинарҳо, анҷуманҳои илмии сатҳи маҳалливу байналхалқӣ доир намоем, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид созем.
-Ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ эътибор аввалиндараҷа диҳем, то, ки холигии мафкуравӣ дар ҷомеа пурра гардад. Пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву милли тоҷикон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.
-Ба коркарду таҳияи асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи терроризму ифротгарои дар Тоҷикистон этибори аввалиндараҷа диҳем. Дар роҳи мубориза алайҳи терроризму экстремизм аз усулҳои маънавиву маърифати васеъ истифода барем. Дар ин самт ду роҳро пешаи худ қарор доданамон мувофиқи матлаб аст: якум дар муассисаҳои таълимӣ ба тадриси илмҳои дунявӣ эътибори муҳим диҳем, дуюм, моҳияти маърифатии исломро тавассути омӯзонидани ҷанбаҳои тарбиявиву ахлоқии Қуръону Ҳадисҳои паёмбари ислом дар дарсҳои ахлоқшиносӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ ба роҳ монем. Аз иқтидори зеҳнии уламоҳои кишварамон истифода бурда, ба мардум, хосатан ба ҷавонон фаҳмонем,ки дар ислом мафҳуми «террор» вуҷуд надорад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад. Кӯшиш кунем, ки фарзандонамонро бо таълимоти Имом Бухориву Термизӣ, Ғаззоливу Мавлавӣ, Нақшбандиву Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бо абёти Рӯдакиву, Фирдавсӣ, Саъдиву ҳофиз, Шайх Камолу Ҷомӣ ва амсоли онҳо тарбия намоем.
-Дар роҳи мубориза алайҳи терроризм аз роҳи ҳамкории байналхалқӣ васе истифода барем. Хушбахтона Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқи аз кабили СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ғайра ҳамкориро ба рох монда дар доираи он баҳри таъмини осоиштагии мардум, бехатарии минтақа, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият мебарад.
Исоматдинов Ҷ.Б. - устоди факултети таърих ва ҳуқуқ