​Идомаи озмуни “Муаллими сол-2023”

Дар доираи озмуни умумидонишгохии “Муаллими сол -2023” дарси кушоди муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Умаров Саиданвар доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур аз фанни “Амалияи ҳалли масъалаҳо” баргузор шуда, ба мавзӯи “Ҳалли машқ ва масъалаҳо доир ба консентрасияи маҳлулҳо” бахшида шуд.

Дар дарс ҳайати гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни дарс методҳои гуногуни таълим, ВТТ, коркардҳои дастӣ, маводҳои иловагӣ, реаксияҳои химиявӣ ва дигар айёниятҳои муосир аз қабили компютер, проектор, тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври сеюми озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2023” ҷараён дошта, аз ҷониби ҳайати гуруҳи корӣ иштирок дар дарсҳои довталабон идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ