​Идомаи озмуни беҳтарин донандаи мақолаи сиёсатшинос Абдуллоҳ Раҳнамо

Дар факултети санъати тасирӣ ва технология ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донандагони мақолаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳ Раҳнамо таҳти унвони "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузкор нест?" озмун баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, доир ба мазмуну муҳтавои мақолаи мавриди назар тасаввурот ва фаҳмиши худро баён доштанд.

Ҳайати комиссияи озмун аз ҳисоби дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Дилрухсор Фармонова ва ҳайати дотсентони факултет – Азизов Шерзод, Неъматов Лутфулло, Мирзобоев Зикрулло ва муаллими калон Аҳадов Файзулло таъсис ёфта, маълумотнокӣ ва сатҳи дониши иштирокчиёни озмунро натиҷабардорӣ намуданд.

Донишҷӯёни соли сеюм Фахриева Нигора, Эркаева Фархунда ва донишҷӯи курси якум Ҳакимов Ихтиёр ғолиб дониста шуда, ба даври донишгоҳии озмун роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ