​Идомаи "Навои ҷавонӣ-2022"

Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2022” миёнаи дастаҳои факултети математика, физика, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, санъати тасвирӣ ва технология ва факултети филологияи ӯзбек ба кори худ идома намуд. Фестивали мазкур аз рӯйи номинаҳои “Баромади ровиҳо”, “Навозиши умумӣ ё якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” доир гардида, иштирокчиён маҳорати худро намоиш доданд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов иштирокчиёни фестивалро бо номина ва шартҳои озмун шинос намуда, ҳадафи ташаббуси мазкурро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон унвон намуд. Номбурда таъкид дошт, ки фестивали мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардида, мақсад аз он дастгирии ҷавонони лаёқатманд мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки «Навои ҷавонӣ-2022" идома дошта, баъд аз иштироки дастаи ҳама факултетҳо ғолибон дар ҷамъомади тантанавӣ қадр хоҳанд шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ