​Идомаи конфронсияиилмӣ-анъанавӣ дар бахшҳо

Дар доираи ҳафтаи илм дар тамоми факултетҳои донишгоҳ конфронсияиилмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон ва магистрантонудонишҷӯён ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус дар кафедраи молия ва андозифакултети иқтисодӣ, кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика, факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ, факултети забонҳои шарқ конференсия дар бахшҳо фаъолияти худро идома дод.

Дар конфронс масъулини факултету кафедраҳо иштирок намуда, ҳадаф аз ин иқдомро шарҳ ва ҷараёни баргузории онро дар тамоми бахшҳо назорат карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи кори конференсия аз ҷониби иштирокчиён фаъолнокӣ зоҳир гардида, маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа шуданд.

Тафсилоти ҷараёни баргузории конференсияҳо дар факултетҳои болозикрро тасвиргузориш мунъакис мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ