​Идомаи хонишҳои сиёсӣ дар факултетҳои донишгоҳ

Имрӯз, санаи 30 ноябри соли 2022 бо ташаббуси кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими факултети санъати тасвирӣ ва технология соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Чорабиниро мудири кафедра Зикрулло Мирзабоев ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам зиёда аз 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Сипас, донишҷӯён роҷеъ ба таърихи пайдоиши ВНМО, нишанаҳои пайдош ва сирояти он дар маърӯзаҳояшон маълумоти муфассал доданд. Гуфта шуд, ки ВНМО(ВИЧ)-ин вируси норасоии масунияти одам мебошад ва он соли 1983 дар ду лабаратория аз ҳамдигар новобаста кашф гардидааст. ВНМО ба системаи масуният осеб расонда, ҳуҷайраҳои масуниятро хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзии организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад.

Дар қисми дуюми чорабинӣ муовини декан оид ба тарбия Файзулло Аҳадов оиди сару либоси тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи тарбия Маҳмудзода Бахтиёр перомуни риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ, талаботҳо ва низомномаи дихилии донишгоҳ фикру ақидаҳояшро баён намуда, риоя онро барои донишҷӯён ҳатмӣ шумурд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ