​Идомаи даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” ‐ оинаи таърихи миллат”

Дар толори китобхонаи факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” ‐ оинаи таърихи миллат” баргузор карда шуд.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия Раънохон Ҳоҷибоева аз ҳадафҳои баргузории озмун ёдовар шуда, афзуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолор дар дарозои таърих ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.

Дар озмун донишҷӯён ва магистрантони факултет иштирок намуданд ва ҳайати ҳакамон тибқи Низомномаи озмун саволномаҳоро пешниҳод намуданд.

Дар натиҷаи таҳлили нутқи шифоҳиву дониши закии иштирокчиён нисбати асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ ҷойҳои муайян аз тарафи гурӯҳӣ корӣ иштирокчиёни зерин, Фатҳиев Фатҳиддин, Фараҳноз Хуршедҷонова, Абдулакимова Мастона, Бобоева Нурбибӣ, Раҷабов Акмал ваМарҳабо Муминова ба давр донишгоҳии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ