Идеологияи хоинони бурунмарзиро набояд гӯш намуд
Имӯзҳо якчад нафароне дар хориҷи кишвар истода ба ном худро ватандӯст мегиранд, вале дар асл ба ҷуз идеологияи мардумро вайрон намудан, байни мардум иғво андохтан ва хиёнаткорӣ дигар коре надоранд. Ҳамеша бо иғвоангезӣ ҷомеи солимро мехоҳанд ба оғӯши ҷанг кашанд. Давлати мо дар асоси Конститутсия асосёфтааст, ки тамоми фаъолияти ҳукумат ва мақомотҳо дар асоси қонунгузорӣ фаъолият доранд. Мақоми қонун ва қонунрафторӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Ин хоинони дар хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои итернетӣ мардуми ВМКБ-ро ба гирдоби ҷанг роҳнамоӣ доранд ва мехоҳанд, ки сохтори конститутсионии ҷомеаро аз байн баранд.
Онҳо як маротиба дар даҳаи охири қарни бистум ба сари мардум нанг оварда буданд, ки дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки чӣ қадар ҳисороти модиву маънави ва ҷонӣ расонид. Боз мехоҳанд, ки чунин шавад. Аз ин лиҳоз барои мардуми ВМКБ гуфтаниям, ки ба фикру ақидаҳо хушунатомези хоинони дар хориҷи кишварбуда эътибор надиҳанд. Тамоми масъаларо дар асоси қонун ва гуфтушунид ҳал намоянд. Зеро онҳо пешрафти Ҷумҳурии ҳуқуқбунёди моро бори дигар мехоҳанд, ба ҷангу хунрезӣ оғӯшта намуда аз байн баранд. Ногуфта намонад, ҳамаи масъалаҳо дар асоси қонун ҳал шудаистодааст. Ҷинояткор бигзор дар назди қонун ҷавоб гӯяд, аммо ҷангу нооромӣ моро боз ба ҳамон солҳои 90-ум оварда мерасонд.
Бубинед, ки дар муддати 30-соли Истқлолияти давлатӣ мо ба чиқадар дастовардҳои назаррас ноил гардид, ватанамонро ободу зебо намудем, сатҳи иқтисодиву иҷтимоии мардум чӣ қадар баланд рафт. Ҳамаи ин пешрафту шукуфоӣ аз сулҳу салоҳ пойдор будан вобастааст. Маҳз сулҳу салоҳ моро ба чунин дастовардҳо оварда расонид. Ҳаёти осоишта борои пешравии тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа муҳаррики асосӣ ба шумор меравад. Ҳар он чӣ, ки мо ба даст овардем – ин аз пойдории сулҳу ваҳдат ва сиёсати сулҳдӯстонаи давлату ҳукумат вабаста аст.
Нигоҳе ба давлатҳои ноороми имрӯза андозед ва қазоват кунед, ки дар чӣ ҳоланду чӣ қадар азият кашида истодаанд. Аз ин рӯ, мо набояд ба он хоинон ва фикру ақидаҳои хоинонаи онҳо рафтор намоем. Зеро мақсади онҳо вайрон намудани сохтори конситусионии ҷомеа мебошад ва мақсади мо боз ҳам пойдор намудани сулҳ ва устувори ваҳдату ҳамдилӣ бояд бошад.
Он хоинон идеологияи моро ба ҳар роҳу воситаҳо мехоҳанд вайрон намоянд. Ногуфта намонад, ки бо идеологияи вайрони онҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар аввалин солҳои истиқлолияташ шаҳди ҷангро чашид ва хуб медонанд, ки ҷанг чӣ рӯзҳои бадеро ба сари халқу миллат овард. Бинобар ин, халқу миллат ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва ҳамидиливу дӯстиро пеша намуда, барои боз ҳам устувор намудани ваҳдату ҳамдилӣ мубориза баранд. Ба хусус ҷавонон ҳамеша ҳушёру зирак бошед, ки ин номардони дар хориҷа истода мехоҳанд шуморо гумроҳ намуда, риштаи дӯстиву ҳамдилиро аз байн баранд.
Дар тамоми баромаду вохӯриҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамеша дӯст бошед, ҳамдилу ҳамзабон бошед. Зеро ҳамин дӯстиву ҳамдилӣ моро ба чунин як давлати ҳуқуқбунёд дунявӣ, дар асоси қонун бунёдёфта ва сохтори баланди конститутсионӣ дошта оварда расонид. Инчунин ногуфта намонад, ки Конститусияи мо дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё шинохта мешавад. Барои ҳамин ҳам ин хоинони дар беруни кишварбуда Шумо мардуми шарифи ВМКБ-ро мехоҳанд бо ҳаргуна фикру ақидаҳо носолими худ ба вартаи ҷанг кашанд.
Аслан ин хоҷагони хориҷадошта боре ба худ савол кунанд, ки дар муддати 30 соли истиқлолият чӣ корерор анҷом додаанд, ки ба манфиати халқу миллат бошад ва куҷои ватани хешро обод кардаанд. Муттаасифона, ба ҷуз иғво андохтан ва душманиву бадбинӣ дигар коре накардаанд.
Дар охир бори дагар ба мардуми шарифи ВМКБ мерасонам, ки ба ақадаи онҳое, ки дар хориҷи кишвар истода идеологияи носолимро паҳн мекунанд эътибор надиҳанд. Мо бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки сулҳу салоҳ аз байн наравад, ваҳдату ҳамдилӣ устувр гардад. Ҳамеша дар бари якдигар қарор гирифта, бар зидди душманони халқу миллат мубориза барем, на ин ки бо ҳамдигар даст ба гиребон шуда ҷомеаи худро хароб намоем. Бубенед, ки мо бо воситаи ваҳдату дӯстӣ чӣ корҳоро ба сомон расонида як ҷомеаи шаҳрвандии қонунасос бунёд намудем, ки ҳамаи ин аз дӯст будан, ҳамдил будан ва пайрави сиёсати созандаву сулҳофари давлату ҳукумат, инчунин иқдомҳои ватандӯстиву ватансозии Сарвари давлат ба шумор меравад. Мо бояд ба қадри ҳамдигар расем, аз ҳамдигар гузашт кунем, кинаву адоватро аз байн барем.
Шамил Назарзода – устоди ДДХ