​Худшиносии миллӣ ва маърифати оиладорӣ

Дар Муассисаи давлатии таълимии“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”15 маҳфили тарбиявии умумидонишгоҳӣ амал менамояд, ки яке аз онҳо “Фарҳанги оиладорӣ” мебошад. Роҳбарии ин маҳфилро дотсенти факултети биология ва химия Зулфия Раҷабова ба уҳда дошта,солҳои зиёд баҳри баланд бардоштани фарҳангу маърифати оиладорӣва ба муносибатҳои оилавӣ омода намудани ҷавононсаҳми босазои худро гузошта меояд.

Вобаста ба ин дирӯз ҷаласаи навбатии маҳфили мазкур дар хобгоҳи №3баргузор гардид. Дар он занони барӯмандуи вилоят, собиқадорони меҳнатиштирок ва суханронӣ намуданд. Дар зимн Раънохон Ҳоҷибоева устоди кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ дар мавзӯи “Ҳамдигарфаҳмии наслҳо дар пойдории оила”маърӯза намуд.

Дар аснои чорабинӣ иштирокчиён суолҳо пешнид намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсади чорабинӣ рӯ овардан ба масъалаҳои муҳими зиндагӣ, шинос намудани ҷавонон ба никоҳу оиладорӣ ва ташаккул додани низоми оиладорӣ дар шуури наврасону ҷавонон унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ