Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастии миллат

Зуҳури давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ барои миллати тоҷик аз муқаддастарин неъмати тақдиру таърихба шумор меравад. Ташаккул, татбиқ ва амалӣ намудани сохти давлатдории ҳуқуқбунёд, идоракунии демократӣ ва таъмини волоияти адолат дар сарзамини Тоҷикистон маҳз бо талошҳои роҳбари оқилва одили мо ба даст омадааст. Дар солҳои баъди истиқлолият тарбияи ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ҷои асосиро дар раванди тарбия ишғол менамояд. Қобили зикр аст, ки тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии педагогикаи муосир ба ҳисоб меравад.Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои дорои ахлоқи баланди инсонӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, ташаббускорӣ, таҷассумкорӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комили ҷомеа, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари волои ҷомеа мебошад. Тарбияи миллӣ бо истифода аз таҷрибаинасли калонсолон дар ниҳоди шаҳрвандон тақвият додани анъанаҳои миллии гузаштагон, масалан одамият, эҳтироми калонсол, меҳмондӯстӣ ва амсоли онҳоро дар назар дорад.Тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандон, ифтихор аз миллатихеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва меросӣ фарҳангӣ ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллат, аз нав эҳё намудани анъанаи арзишманди миллӣ, дар заминаи хусуиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро дар назар дорад, таъкид карда шудааст дар Консепсияи миллии тарбия.

Таърихшиноси тоҷик Абулфазли Байҳақӣ ҳазор сол муқаддам гуфта буд: “Нахустин сифати инсони хуб он бошад , ки бишносад зоти хеш, зеро чун зоти хеш бидонист, чизҳоро дарёфт, ҳар касе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонаддонист”. Миллат дар суръате ба сатҳи баланди хештаншиносӣ мерасад, ки таърихи гузашта ва сарватҳои фаровонии маънавии онро пурраю мукаммал фаро бигирад. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо омӯзгорон бедор карданиҳисси ифтихормандӣ аз миллати хешдар ниҳоди шогирдон буда, барои ҳар як шаҳрвандони тоҷик ифтихори миллӣ, ин пеш аз ҳама таърихи гузаштаи тоҷикон мебошд.Халқи тоҷик дорои таърихи хеле қадима буда, сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки давлатдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳои басо дур рафтааст, ки аз сарчашмаҳои асотирӣ ва ривоятҳо оғоз мегирад.

Чӣ тавре, ки таърихи гузаштаи миллат шаҳодат медиҳад Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд. Забони модариро нигоҳ дошта, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангироҳифз намоянд. Маҳз дар ҳамин давра Рӯдакии бузург, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, ки эҷодиёти онҳо тарғибкунандаи илму дониш, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, кӯшиш барои истиқлолияту озодӣ, фидокорӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстию рафоқат мебошад,мазмуни назарияи тарбияи муосири миллиро бой мегардонад. Ин давраҳо чун давраҳои ҷамъбасти ташаккулёбиихалқи тоҷик ва ба авҷи камолот расидани давлату давлатдории тоҷикон дар таърих эътироф шудааст. Чунончӣ, таърих шаҳодати медиҳад, ки марҳилаи нави таърихии Тоҷикон дар давоми ҳазорсолаи нав, ки бо номи Истиқлолияти миллӣ пайвастааст. Ҳаёти нав, рӯзҳои босаодату бошарофатро ба миллати соҳибтамаддун эҳё намудааст.

Албаттарасидан ба Истиқлолияти коммуникатсионӣ дар заминаи ифтитоҳ, таҷдиду тамири роҳҳо, кушодани нақбаҳо, истиқлолияти энергетикӣ бо шеваи таҳияи тарҳи лоиҳаҳои ҷадид дар бахши сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, бунёди бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ислоҳоти кулли соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва мусоидат дар ҷаҳонишавии низоми таълим ва тандурустӣ аз муҳимтарин дастовардҳо мебошанд, ки ба шарофати истиқлолият ва бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон барои халқи мо насиб гардид.

Миллати тоҷик пас аз якчанд қарнҳо боз тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мавқеи худро пайдо карда бошад.Баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ меҳани мо дар марҳилаи бунёди давлати демократӣ ва соҳибистиқлол душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронид, ки таърих худ гувоҳ ва пайгири ҳамаи он мебошад.

Дастовардҳое, ки зери роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ кишварамон комёб гардидааст, хело бузург аст. Албатта, ин шахсият Президенти кунунии давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тайи беш аз 25 соли роҳбариаш тавонист бо иродаву фазилати худ ва ғояи хирадмандонааш, пеш аз ҳама, кишвар ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳодода, истиқрори сулҳ ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси ғояҳои нав ва арзишҳои миллӣ муттаҳиднамуда, бо сиёсати хеш роҳи демократиро дар кишвар вусъат дода, ҳамкории тарафайн бо созмонҳову давлатҳои хориҷӣ барпо карда, мавқеи устувори Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амсолипроблемаи оби нӯшиданӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бар зидди маводҳои нашъаовар нишон дода, иқтисодиёти кишварро аз бӯҳрон раҳо дода, ба сатҳи маърифати шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи хосае зоҳир намуд. Инчунин се стратегияи асосии рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро пеш гирифт, ки он мақбули тамоми қишри ҷомеа гардидааст: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва роҳ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ. Ҳамаи ин гувоҳи хидматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо ташаббуси созандагиву сулҳҷӯёна имрӯз кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда,тамоми сохторҳои ҷомеаро густариш додааст.

Ҳамаи дастовардҳои истиқлолият, эҳё намудани тамаддун, урфу одат ва арзишҳои миллӣ ба тарбияи ҷавонон нақши муҳим мегузорад. Дар назари аввал истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон, ки ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардидани маҷмааи Саразми Қадима мебошад, ки қарори он дар созмонҳои фарҳангии СММ ЮНЕСКО ба тавсиб расида буд. Дар баробари ин ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ҳамчунин дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикон арз ёфтааст.

Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид кардаанд, ки баробар бо омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи ҷадид ҷавонони мо бояд ба фарогирии таърих ва фарҳанги бузурги миллӣ ва забони тоҷикӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Вазифаи асосии зиёиёни мо дар шароити имрӯзапеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ба омӯзиши таърих, маданият, забон ва дастовардҳои илму фарҳанг мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки ин таъкид муҳимтарин василаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи миллӣ маҳсуб меёбад.

Таърихнигори сатҳи ҷаҳонӣ, академик Бобоҷон Ғафуров низ мояи ифтихор будани фарҳанги моро зери назар дошта,фармудааст: ”Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем”.

Ин суханони ба дарди Аллома Ғафуров як навъ ҷавобе ба душманони миллати тоҷик буд, ки он замон моро аз ҳаққи ифтихори гузаштаи пуршаънамон маҳрум карданӣ буданд. Бо гузашти айём, рӯҳи истиқлолхоҳии халқ музаффар шуд. Таърих бо ҳама шиканҷаву ҷабре, ки ба халқи тоҷику форс раво дидааст, сухани худро гуфт, исбот шуд, ки воқеан тоҷикон лоиқи чунин ифтихору сарбаландиҳоянд. Вақте президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон китоби бо забони ҳиндӣ тарҷумашудаи “Тоҷикон”-ро ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон супорид, ки ҳақиқат бори дигар чу алмос дурахшид ва ба қавли Мавлоно, дӯстонро шод карду душманонро кӯр кард. Ҳамзамон, ба шарофати истиқлол китоби бузурги Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба забони ӯзбекӣ низ нашр гардидааст.

Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар кишвари мустақил дастоварди муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз бо будани ин ормон ва хоҳиши олии миллат бо қадру заковати худ онро дар амал татбиқ менамояд. Барои давлатҳои муосири дунё соҳибихтиёрӣ ба тарзҳои гуногун ба даст омадааст, ба баъзеҳо бо муборизаи тӯлонӣ ба дигарҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани низоми муносибатҳои байналмиллалӣ ва ниҳоятан ба гурӯҳи сеюм дар натиҷаи аз байн рафтани давлатҳои пурқудрат дастёб гардидааст.Манзурамон аз ин суханон онаст, ки новобаста аз чӣ гуна ба даст омадани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муҳими худшиносии миллӣ дар таърихшинохта шудааст.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд.Бо амри тақдир ва бар асари солҳои 90-уми асри гузашта миллати тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид.Миллати тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон мо фақат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро комилан ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро дар рӯҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаи онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки оянда ҳам аз байни онҳо Рӯдакиҳо, Фирдавсиҳо, Бӯалиҳо, Хайёмҳо, Мирсаидҳо ба воя расанду мо дар рушду нумӯи тамаддуни башар саҳм гузор бошем.

Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад.

Ҳадафҳои таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва бақои миллату давлат. Бинобар ин, зарур аст, ки фармудаанд Пешвои миллат – дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад. Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимои мустаҳкам намоем. Масъулияти азими таърихи ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Ба ҳар яки мо омӯзгорон маълум аст, ки илму маориф яке аз самтҳои муҳими амнияти миллии давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста аст. Дар замони дастовардҳои бузурги илмиву технологӣ ва кашфиёти нав ба нави ақли инсонӣ мо омузгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Дар ҷавонон ҳисси дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, нерӯманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷикон ба тарзи бояду шояд ба ҳар як фарзанди бо нангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдони худ шуморем ва дар ҳама ҷо сарбаландӣ изҳор намоем, ки “Ман тоҷикам! Ман вориси Исмоили Сомониву Балами, Рӯдакиву Фирдавсӣ,Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавлоно, Саъдиву Камол, Имом Ғаззоливу Имоми Аъзам ва садҳо ҳазорон фарзонаву алломаҳо ҳастем”.

Бигзор ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд ва дар ин ҷода ҳар яки мо омӯзгорон ҳиссагузор бошем.

Улмасова Д.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ