​Худсафедкунии ҷинояткор!

Амалҳои баъзе ашхоси ҷиноятпеша дар мавзеи Бадахшони кишвар инъикоси ноӯҳдабароии собиқ роҳбарони сохторҳои давлатии вилоят мебошад. Зеро, тӯли солҳои зиёд Мамадбоқиров саркардаи тӯдаи бадкирдорон асту касе аз масъулин ӯро ба ҷавобгарӣ накашидааст. Ин нафари ҷинояткор бо пахши навори видеоӣ худро сафед карданӣ бошад ҳам, бо кибру ғурур иброз медорад, ки “ман хоҳони мансабу курсӣ нестам”. Гӯё даъвати ӯ ба тазоҳуроти сиёсӣ ва тафриқаандозӣ байни мардуму мақомоти давлатӣ “гуноҳ нест”.

Ин авбоши бадкирдорбояд хуб донад, ки агар гуноҳи худро иқрор намегардид, ба худсафедкунӣ машғул намешуду паноҳӣ намеҷуст. Бар замми ҳамаи амалҳои зӯроварӣ мавриди латукӯб қарор додани сардори Раёсати маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзовро сабти камераҳои мушоҳидавӣ исбот менамояду “мусичаи бегуноҳ” (Мамадбоқиров) онро тасодуфию беасос хонданист !

Аслан, худи мардуми бофарҳангу солимақли маҳалли зисти Мамадбоқир ба амалҳои зишти ӯ мебояд баҳои воқеӣ диҳанд, ки ӯ мардуми сарбаланди Бадахшон ба ҷаҳониён чун ҷоҳили ваҳшӣ муаррифӣ карда истодааст.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ