​Худозадагони нокас

Одатан, дар урфият нисбати амали иштибоҳонаи нафаре арз медоранд, ки “одамизод шири хом хӯрда аст”, ки киноя ба эҳтимолияти хатокории фард мебошад. Вале, ҷомеаи солим мебояд сари вақт ба ин амалҳо баҳои ҳаққонӣ диҳад ва фардро аз иштибоҳ боздорад. Дар ин ҳолат ҳам оромии ҷомеа ва суботи онхалалдар намегардаду фарди хатокарда бо ислоҳи амалҳои худ соҳибобрӯву соҳибэътибори ҷомеа гардида метавонад. Дар акси ҳол, чун фарди бадкинаву бадандеш, бадкирдору ифротзадашармандаву шармсори олам хоҳад гашт.

Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон давоми беш аз сӣ соли таърихи навини давлатдорӣ аз амалҳои нафратовари муғризонаи ҳизби мамнӯи наҳзат, ки ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардидааст, хеле хуб огаҳӣ доранд. Шукронаи қудрати Илоҳиву тавоноии мақомотҳои давлати соҳибистиқлоламонро мекунам, ки бо гузаштҳову таҳаммулпазирии собиқадорона аксарияти нафарони гумроҳшуда аз роҳи хато баргаштанду имрӯзҳо дар ҷомеаи орому осуда баҳри шукуфоии кишвар бо заҳмати созанда машғуланд. Бархе аз онон дар сафи пеши муқовимат бо палидони наҳзатӣ қарор доранд, ки шаҳодати интихоби роҳи рост ва раҳоӣ аз ғояҳои ифротӣ мебошад. Маҳз, чунин фардҳои соҳибақлу солимандеш бо садоқат пешаи ватандории худро вафодорона иҷро намуда истодаанд.

Мутаассифона, на ҳамаи наҳзатиён мафкураи солим доранду тӯдае аз онҳо имону ихтиёр ба хоҷагони аҷнабии иблиссифат фурӯхтаанд ва илоҷи раҳоӣ аз ин вартаиҳалокатборро надоранд. Аламовар он аст, ки ин муртадони мунофиқ бо сардории Кабири фосиқи нобакор ба ивази маблағи хоҷагон ҳадди муайяни инсонгариро риоя намекунанд. Худ, ки бадбахту ватангадо, худозадаю касофатпай ҳастанд, ҳамеша хоҳони расонидани зараримаънавӣ ба ҷомеа ва гумроҳ сохтани соддалавҳони зудбоварро мебошанд. Ҳамаи ин амалҳои нопоки собиқ наҳзатиёнро дар рафтору кирдорҳои касофатомези Муҳиддин Кабириву чоплусони думравони ӯ метавон мушоҳида кард.

Ноҷинсони наҳзатии нокас пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тарғиби буҳтонҳои бофта, дасисаҳои сохта, хурдагириҳои беасос баромад менамоянду ғарази аслии онҳо халалдору олуда кардани фазои орому осуда, сулҳу суботи кишварамон асту бас!

Мардуми шарифи заҳматпешаи кишвар якдилона ва қотеъёна ҳамаи амалҳои наҳзатиёни худозадаро маҳкум намуда бо матонату садоқати ватандорӣ, сарҷамъона бар зидди ин балвогарон муқовимат карда истодаанд ва муборизаи беамони худро дар бархурди иттилоотӣ муваффақона идома хоҳанд дод.

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ