​Хониши сиёсӣ: “Танзими расму оин – кафили таъмини зиндагии шоиста”

Ин навбат хониши сиёсӣ дар факултети филологияи тоҷик ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар хониши сиёсӣ доираи васеи устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуда, дар баррасӣ ва муҳокимаи мавзуъ фаъолона ширкат намуданд.

Декани факултет профессор Замира Ӯлмасова нуктаҳои асосии қонуни мавриди назарро шарҳ дода, аз зарурият, аҳамият ва манфиати татбиқи он сухан намуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”- зикр дошт декани факултет.

Дар идома устоди кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Дилором Каримова ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Нилгуна Бозорзода перомуни мавзуъи мазкур маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуданд.

Аз устодону донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, дар тарғиби татбиқи қонуни мазкур саҳми арзанда гузоранд.

Хотиррасон менамоем, ки хониши сиёсӣ дар факултети филологияи тоҷик давоми ҳар ҳафта доир гардида, дар доираи он мавзуъҳои муҳиму мубрам баррасӣ меёбанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ