​Хониши сиёсӣ: Такмили маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон

Дирӯз дар факултети биология ва химия бо иштироки васеи устодону донишҷӯён “хониши сиёсӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, дотсенти Абдулатифов Юсуф дар мавзўи “Қазияи Панҷшери Афғонистон дар ВАО ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат” маърӯза ироа намуд. Зимни маърўза қайд гардид, ки васоити ахбори омма яке аз унсурҳои муҳим ва ниҳоди зарурии ҷомеаву давлат буда, мақсаду мароми он ҳамеша инъикоси ҳақиқати объективии ҳаёти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин ҳамчун ниҳоди ҷомеа ба вазъи ҳолати руҳӣ ва раванди минбаъдаи ҷаҳонбинии мардум ва рушди давлатдорӣ метавонад, таъсири амиқеро пайгирӣ намояд.

Пас дар мисоли як андешаи расонаи интернетӣметавон баҳогузорӣ намуд, ки интернет ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон махсусан ҷавонон таъсири хеле бориз пайдо намояд ва омили пайдоиши гуруҳҳои гуногуни «ватандўстон» гардад.

Ба иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки фирефтаи бархе аз ахбороти нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет нагарданд, зираки сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ қадамҳои усвор гузоранд.

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ