​Хониши сиёсӣ: фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар факултети филологияи тоҷик перомуни мавзуи “Пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ” хониши сиёсӣ доир гардид, ки идомаи ташаббусҳои қаблии шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ унвон мешавад.

Ҳадаф аз иқдоми мазкур таҳкими саводи сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон маҳсуб меёбад.
Замира Ӯлмасова, декани факултети филологияи тоҷик зимни баромад аз таҳдидҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, доир ба сабабҳои авҷ гирифтани зуҳуроти номатлуб ибрози назар намуд.

Сабабҳои гумроҳшавии ҷавонон ва фирефта шудани онҳоро ба гуруҳҳои ифротӣ Ҷӯрабек Исомитдинов, дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ мавриди таҳлил қарор дод.

Гуфта шуд, ки надоштани саводи кофии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ яке аз омилҳои асосии шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ маҳсуб меёбад.

Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуи дигар буд, ки дар доираи мулоқоти мазкур муҳокима шуд.

Аз донишҷӯён даъват гардид, ки зимни кор бо интернет ва муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор шуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ