Хомӯш набошед!
Давраҳои охир дар ҷомеаи орому осуда ва ҳаёти осоиштаи кишвар баъзе воқеаҳою ҳодисаҳо ба амал омада истодаанд, ки боиси каме таҳлукаю ғазаби аксарияти омма шуда истодаанд. Муқовимат ба мақомоти қудратӣ, гирдиҳамоии бемақсадона дар назди мақомоти иҷроия, қасди ғасби бинои ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, нидою ғавғоҳои сиёсии баъзе афрод ва дигар падидаҳои номатлуб дар маркази Бадахшон – шаҳри Хоруғ сабабгори таҳлукаандозиҳою тафриқаандозӣ гардид. Ҳатто берун аз кишварамон, дар шаҳри Маскав, назди сафоратхонаи Тоҷикистон издиҳоме ҷамъ омада мардумро нороҳат ва ҳар гуна даъвоҳои сиёсӣ мекарданд. Эҳтимол меравад, ки ҳамаи ин бесарусомониҳоро маблағгузорони хориҷӣ тарҳрезӣ кардаанду бозингарони махсусро аз байни афроди бетамизу авбош интихоб кардаанд.
Қазияи шаҳри Хоруғ аз оғоз то анҷом ба кирдору рафтори Мамадбоқиров Мамадбоқир алоқаманд асту ин гумроҳи муштзӯр саркардаи тӯдаи бадкирдорон аст ва бо мақоми давлатӣ муқовимат нишондода истодааст, гарчанд “хоҳони мансабу курсӣ нест”, вале нақши вогузоштаи хоҷагонашро иҷро кардааст. Хурӯҷи ғояҳои маҳалгароӣ ҳилаю найранги навбатии тоифаи авбош мебошад, ки сабаби латукӯби марди ванҷӣ гардидааст. Тӯдаи кӯчаке чунин нағмагарӣ мекунаду мақомоти қудратӣ кайҳо мебоист ононро ҷилавгирӣ кунанд? Ҳайҳот, намедонам бо кадом асосҳо мардуми мағруру сарбаланди Бадахшон дар ин ҷода хомӯширо ихтиёр кардаанд? Охир тавонистанд, ки барои як-ду авбоши бӯҳтонбоф дар назди бинои ҳукумат ҷамъ оянду зӯри бозу ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон диҳанд?! Имрӯзҳо чӣ хомӯшанд? Магар нафароне ба мисли Мамадбоқиров обрӯву иззати бадахшониёнро паст наовардааст, дар байни ҷаҳониён футур насохтааст? Ҳақиқат он аст, ки як - ду нафар муаррифгари симою манзалат ва менталитети маҳалу миллат шуда метавонанд, гар бузургақлу абармарди соҳибиқбол бошанд, киШ. Шоҳтемуру Илолов ва дигарон амсоли чунин фардҳоянд. Вале, як-ду авбоши мусаллаҳ низ ба шаъни маҳаллу миллат метавонанд доғ биёваранд, ки Мамадбоқиров аз ин тоифа аст. Дар ин васила аз мардуми бо орияту бономуси Бадахшон даъват менамоям, ки хомӯшу бефарқ набошанду ҷилави иғвогару дасисабозонро кашанд, чунки навори видеоӣ исботи маккории Мамадбоқиров асту воситаи иштибоҳандозии мафкураи омма мебошад.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”