Хоинонро намебахшем

Воқеаву рӯйдодҳои рӯзҳои охир, ки дар Бадахшон рух доданд ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Зеро ин воқеа баҳонае шуд барои хоинони миллат роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карда истодааст. Ин беинсофону хоинон ҳамеша аз паи амалҳои номатлуби худ ҳастанд ва фурсатро ғанимат дониста бо гапҳои бофтаву сохтакориҳо ҳамаро алага дода истодаанд. Гирдиҳамоиҳо басарусомониҳо ин ҳама сохтакорианд. Хоинони миллат мардумро бо роҳи фиреб ба эътироз бароварданд. Инро кормандани ҳифзи ҳуқуқ исбот карданд. Саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нӯшокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карда истодаанд, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ ва таҳти идораи худ қарор диҳанд.

Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доштанд. Ҳоймардум ба худ оед ба касу нокасон бовар накунед. Мохудамон чанде пеш аз ҷанги шаҳрванди берун омадем ва соҳибистиқлолу муттаҳид гаштем. Нагузоред, ки ба мисли Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров, Шавкати Муҳаммад барин бадхоҳони миллат ба мақсад бирасанд. Дар он даме, ки вазъият безеб буд ба ҷои оромиро нигоҳ доштан, онҳо моро ба ҳамагон ҳангома кардан овозаю дарвозаро баланд карданд.Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ингуна ҷиноятҳо мешавад. Ин гуна масъалаҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳал мекунанд. Вале хонону ходимони ҷангҷӯй моро ҳангома карданд. Ба қавле ба болои сӯхта намакоб рехтанд. Хушбахтона ин ҳама гирдиҳамоиҳо ба охир расиданд. Дар Бадахшон оромиву осудагӣ ҳукфармост. Бошад, ки ин ороми ҳамеша ҳукмфармо бошад ва дар Тоҷикистони мо сулҳу салоҳ ҳукмфармо бошад.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ