Хоини миллати хонасӯз

Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша нисбати мардум ғайбат мекунаду худаш аз тарафи дигар истода тамошо мекунад ва чун мусичаи уволак худашро бегуноҳ мегирад. Ин дафъа низ вай ин ҳилларо пеш бурданист. Бо гапҳои беасосу сафсатааш гӯё, ки санаи 21 матр мардум ба гурӯҳҳо ҷамъ шуда эътироз мекунанд. Мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва аз ин гапу каловчаҳо бехабарем. Аммо вай дар хориҷа асту аз ин гапҳо бохабар аст барзамми ин пешгӯи карда он эътироз аз ҷониби мо намешавад мегӯяд. Бо як ақли одами фикр кунед, ин гап ба ягон чаҳорчӯба рост намеояд. Мо дар фазои орому осоишта зиндагӣ мекунем дар Тоҷикистон ягон гап нест ва ягон сабабе нест, ки мардум эътироз кунанд. Зеро хонаи мардум пури нон, дастархонаш фаровон аз ҳама муҳимаш мулкамон осоишта аст. Бар нохалафони бадбухту муттаҳами хонасӯз муроҷиат карда гуфтаниям, ки фикрҳои бадро аз сарашон партоянд. Зеро фаҳмиш ва тафаккури мо кайҳост, дар ҷояшу хело пеш рафтааст. ва фирефтаи ин ҳиллаву найранги ту намешавем. Муҳиддин Кабирӣ бо ин баромадаш дар “Паём.тв” мардумро ба таҳлука андохтан аст. Вай бо ин гапҳои бофтааш баръакс мардумро ба по хезониданист ва худаш ин эътирозро ташкил карданист. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мегӯянд. Мо мардуми тоҷик муттаҳид мешавем ва то ҷонамон ҳаст бар зидди ту мубориза мебарем ва зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем.

Хулоса, ин тоифа душманони миллат дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд мардумро раҳгум зананд, афкору ақидаи халқро тағйир диҳанд. Аммо, банда ба сокинони ин сарзамин мардуми худогоҳу хештаншинос муроҷиат намуда гуфтаниям, ки муттаҳид бошед, ҳушёр бошед ба ҳаргуна гапу каловчаҳо бовар накунед ва бар доми ин гуна авбошон наафтед. Муҳиддин Кабирии хоину пайравони каҷраваш бояд донанд ва дарк кунанд, ки ин миллат мисли шумо беиродаву ватанфурўш нест ва ба ҳар иғвову дасисаҳои мисли шумо бовар намекунад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ