​Хишти аввалини кохи миллат

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом дар факултети геоэкология ва туризм мизи мудаввар, дар факултети таърих ва ҳуқуқ суҳбат, дар факултети педагогика ва таҳсилоти ибтидоӣ маҳфили адабӣ, дар факултети филологияи рус чорабинии илмӣ-тарбиявӣ ва дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ мулоқот анҷом ёфт.

Устодони кафедра дар доираи ин чорабиниҳо таъкид доштанд, ки забони мо баёнгари сарнавишт ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллатамон аст.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои забони давлатии миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад. Инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст” – зикр шуд дар ҷаъомаду мулоқотҳо.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, пеш аз ҳама, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ