​Химикони ҷавон

Нишасти навбатии маҳфили “Химикони ҷавон” – и кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими факултети биология ва химия баргузор гардид. Дар он муовини декан оид ба илм ва инноватсия Ҷӯлиева Гулсара, устодони кафедра ва аъзои маҳфил иштирок намуданд.

Роҳбари маҳфил, муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Умаров Саиданвар маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо нақшаи маҳфил шинос кард.

Дар доираи маҳфил таҳти унвони “Муайян кардани муҳит (pH) – и обҳои газнок” аз ҷониби донишҷӯи курси сеюми ихтисоси химия Ҳасанова Шаҳло маърӯза шунида шуд.

Дар охир байни донишҷӯён ва маърӯзачиён саволу ҷавоб баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ