​“Химикони ҷавон” саҳми олимони форсу тоҷикро дар инкишофи илми химия баррасӣ намуданд

Маҳфили навбатии “Химикони ҷавон” – и кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими факултети биология ва химия доир гардид.

Дар он декани факултет Ҳакимхоҷазода Сироҷиддин, муовини декан оид ба илм ва инноватсия Тиллобоев Ҳакимҷон, мудири кафедра Охунова Умеда, устодони кафедра ва аъзои маҳфил иштирок намуданд.

Роҳбари маҳфил, муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Умаров Саиданвар маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо нақшаи маҳфил шинос кард. Дар доираи кори маҳфил таҳти унвони “Химияи сулфур. Истифодаион дар хоҷагии халқ” ва “Саҳми олимони форсу тоҷик дар инкишофи илми химия” маърӯзаҳо шунида шуд.

Суолу ҷавоб миёни иштирокчиён ва табодули афкор ҷиҳати баррасии мавзуъҳои меҳварии маҳфил заминаи мусоид фароҳам овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ