Хиёнатпешагон ҷазо меёбанд…
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистони азизамон маҳсуб меёбад. Бинобар ин кору пайкор ва амали ҳар фарди миллат дин ин гӯшаи диёр баҳрӣ ободӣ, бунёдкориву созандагӣ қобили дастгирӣ буда, ҳамчун ворисони Қаҳрамони Тоҷикистон Нустарулло Махсум ҳамеша дар дидаву дили мардум ҷой хоҳад гирифт. Дар баробари ин дар шаҳри Хоруғ афродеро дучор шудан мумкин аст, ки баҳри халалдор намудани ҳаёти осоиштагии ҷомеа даст дошта, боиси нооромӣ, ноустувории иҷтимоӣ дар ҷамъият мегардад.
Маълум аст, ки охири моҳи ноябр ва аввали декабри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи дастгир кардани чанд тан аз чунин хиёнатпешагон нооромиҳо сар зада, боиси сару садоҳои гуногун гардиданд. Бо дастгир шудани чунини афроди хиёнатпеша ҷиноятҳои пайдар пайи шахсони дастгиршуда ошкор гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ дар назди қонун кашида шуда буданд. Аз ҷумла, 31 марти соли ҷорӣ айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятӣ, зода ва истиқоматкунандаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шеров Манучеҳр дастгир гардид.
Дар баробари ин яке аз афродони шинохтае, ки худро ҳомӣ ва пуштибони халқ ҳисобида, барои аз вартаи ҳалокату ҷиноӣ раҳо намудани ҳаммаслаконаш нуфузи хеле дар ҷамъият соҳиб шуд, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров мебошад. Ӯ ва дигар ҳаммаслакаонаш дар вақти кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, Гулназар Муродбеков ва Тутишо Амирбеков ба ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ, кормадони ҳокимияти иҷроя ҳамлаҳои мусаллаҳона намуда, адовати ҳаммаслакӣ гирифтанӣ буд. Дар атрофи худ чанд чандин ҷавонони шаҳри Хоруғро ҷамъ оварда, барои қасти ҷони онҳоро гирифтан ҳатто камин ҳам гирифта буд.
Тибқи маълумотҳо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров гӯё бо хоҳиши худ ба назди мақомотҳои қудратӣ рафт ва беҷурмии худро нишон дода, аз вартаи ҷиноятҳои пай дар пайи хеш баромаданӣ низ буд, дар ҳоле, ки кормандони мақомот ӯро дастгир ва айбдор намуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд.
Бояд гуфт, ки амалҳои ҷиноятии чанде аз афроди хиёнатпеша боиси нооромиҳои иҷтимоӣ гардида, “қаҳрамониҳои” ин гуна шахсони ҷиноятпеша ба назар хуб менамояд, вале дар зер чӣ гуна амалҳо пинҳон аст, ба худашон аёнт аст.
Маҳкамов С., муаллими калон