​Хиёнаткорон бахшида намешаванд

Муҳимтарин наиҷаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни қарни ХХ ташаккули давлатдори миллӣ, асолати худро дарёфтани тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути тафаккури миллӣ халқи тоҷик тавонист ваҳдати миллии хешро ба даст орад. Ваҳдати миллӣ асоси пешрави шукуфони кишвари азизамон гардид. Тоҷикону тоҷикистониён имруз шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар мекунанд ва давлату Ҳукумат имруз қудрат дорад, ба ҳар гуна хатарҳое, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамоянд, ҷавоби сазовор диҳад. Месозад, ки ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ, ва ҳаммаслакони ӯ барин хоинонро, ки Ватан фурӯхтанду мефурӯшанд номашонро таърих бо ҳарфҳои сиёҳ навиштааст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеъа ва ваҳдати милли доим саъю талош карда, ободии Ватан пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад. Боиси ифтихор аст, ки имруз кишвари биҳиштосои Тоҷикистон дар байни 161 кишвари ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф карда шудааст. Ин нишони он аст, ки Тоҷикистон имруз тавонист худро дар як марҳилаи муайяни давлатдории ҷун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони муаррифи намояд.

Исботи ин гуфтаҳои дар боло қайд гардида таҷрибаи сулҳи тоҷикон далели ин гуфтаҳо аст, зеро аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилал мавриди омузиш қарор гирифтани он барои ҳалли муноқишот дар нуқтаҳои дигари ҷаҳон истифода мешавад. Барқарори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон боиси тайғироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа гардида, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии миллиро аз манфиатҳои шахси боло гузоштан, таъмини ягонаги миллатро вазифаи ҷони худ ва тамоми ҷомеаъа дониста дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ сайъу кушиш пайваста нишон додан аст.

Мутассифона имрузҳо дар ҷомеа афродҳое ҳастанд, ки бо терроризму ифротгарои алоқамандӣ дорад, пешравиҳои тамоми соҳаҳои мамлакатро нодида гирифта, ба зидди кишвари худ буҳтон мезанад. Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои худ дар байни кишварҳои ҷомеаи ҷаҳони таъкид ва суханрони намуда кайд карда буданд. “Терроризим дин, мазҳаб, миллат” надорад, ки амалҳои анҷомдодаи гуруҳҳои террористи ва ифротгароӣ ҷомеаро ба нести ва парокандагӣ оварда мерасонад, зеро дар замони муосир авҷ гирифтани фаъолияти террористӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имруз низ душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар карор дошта, дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор кардани хастанд.Аз ин хотир вазифаи авалиндараҷаи шаҳрвандони кишвар аз он ҷумла падарону модарони азизбояд фарзандони худро дар зери назорати қатъи худ қарор додавуаз амалу рафтори фарзандони худ бохабар бошанд ва фарзандони худро дар руҳияи вадандустиву, меҳанпарастӣ тарбия намоянҳушёрию зиракии сиёсиро дар қалбашон ҷой намоянд. Пайваст барои баланд бардоштан ва соҳибилм гардидани фарзандони худ кушиш намоянд,зеро яке аз омилҳои асосии пешгири кардани ҷавонон аз ҳамин гуна гурҳҳои террористи ва ифротгарои ин босавод гардидани ҷомеа ва ҳам насли ҷавон мебошад.

Азизбек Исмоилов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ