Хиёнатгар њеҷ гоњ ба максад намерасад
Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Мутаасифона, дар баробари амалҳои созанда, як қатор мушкилиҳои дигар ҳам вуҷуд доранд, ки метавонанд ба истиқлолияти давлатии азизамон халал ворид созанд. Ду зуҳуроти номатлубе, ки дар мадди аввал қарор гирифтаанд, ин терроризм ва экстремизм мебошанд.
Мардуми тоҷик ҳама вакт тарафдори сулҳу субот мебошад, аммо нафароне ҳастанд, ки оромию осудагии ҷомеаи моро намехоҳанд. Ба монанди Муҳиддин Кабири ва ҳаммаслакони ў мебошад. Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 9-уми май ба расонаҳои наздик ба мухолифин гуфтааст, "то чанд сол пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИ, дар Тоҷикистон рад мешуд, вале баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…"
Кабири хоин ҳамеша мехоҳад ки дар Тоҷикистон нооромиро ба вуҷуд оварад, аммо мо миллати тоҷик ин амалкардаи онро маҳкум менамоем ва пайрави Пешвои муаззами миллат ҳастем. Барои халќитоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомўз буд, ки хеҷ гоҳ азхотираҳоямонфаромўш нахоҳанд шуд. Аъзоёни собиқ ҲНИ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.
Дар шароити хуби имрўзаи рўзафзун фазои сиёсии ҷаҳон ва таѓйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти баѓоят муҳимро касб менамояд. Хушбахтона имрўз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки танҳо давлати дунявию демократӣ метавонад муносибатҳои диниро ба танзим даровардароҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад
Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурўҳи ифротгароию террористӣ такозо менамояд ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори кишвари азизамон саҳми худро гузорем.
Барно Умарова