Хиёнат бадтарин хислати инсонист!
Дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои мутараққии дунё мавқеи худро устувор кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҷомеаи мо бисёр пешравиҳо ва муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин, пеш аз ҳама, аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад, ки тавонистанд дар як марҳилаи кутоҳи таърихӣ кишвари ҷангзадаро аз вартаи нобудшавӣ раҳонида, дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, эъмори иншоотҳои бузург, ба истифода додани роҳу пулҳо ва нақбҳо, биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва даҳҳо мисолҳои дигар самараи даврони истиқлолият мебошанд.
Мутаассифона, аз ин хайрхоҳии давлат ва озодии фароҳамгардида сӯйистифода карда, баъзеҳо ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Ҳатто фарҳанги бегонаро зӯран ба сари миллати мо бор карданӣ мешаванд. Баъзан ашхоси ноогоҳ ба доми фиреб ва суханони дурӯғини онҳо меафтанд.
Аз ҷумлаи ин зуҳуроти номатлуб, ки вақтҳои охир моро нигарон кардааст, фирефтаи тарғиботи бегона гаштани иддае аз ҷавонони мо мебошад, ки дар кишварҳои хориҷӣ, алалхусус мамолики исломӣ ва як қатор давлатҳои Аврупо ба доми суханҳои афроди ноогоҳ ва хиёнаткор меафтанду ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои ифротгаро ва тундрав шомил гашта, нуфузу эътибори миллати моро коста мегардонанд.
Дар замони имрӯза ҳар яки мо шоҳиди воқеаҳое мебошем, ки дар Сурия, Ироқ, ҳамсоякишвари мо Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар идома доранд. Дидани вазъи гурезаҳое, ки барои наҷоти ҷони худ аз Сурия, Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Аврупо фирор мекунанд, ҳар як шахси солимфикру соҳибандешаро ба риққат меорад. Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозад ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буд, ки хушбахтона бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқамон аз вартаи ҳалокатбор раҳоӣ ёфтем.
Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд мубориза мебарем ва намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст зананд. Нақшаҳои баде, ки ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад. Шоҳиди ин ҳарфҳои мо 30 соли пурбори соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Дар тӯли ин солҳо мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Имрӯз кишвари мо бо бисёре аз давлатҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, ки ин барои пешрафти Ватан мусоидат мекунад. Мо дар воқеъ бо кишвари азизи худ меболему менозем ва шукрона аз ин бахту саодат мекунем. Имрӯз дар ҷаҳон чандин миллатҳое вуҷуд доранд, ки соҳиби давлат, забон, марзу бум, парчам ва нишони худ нестанду арзишҳои миллиашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Дар баробари ин имрӯз давлатҳои ҷангзадае ҳастанд ба мисли Афғонистон – ки ба сулҳу субот, Истиқлолият ва осоиштагии миллати тоҷик ҳавас доранд, имрӯз шаҳрвандонаш дар шароити ногувор бо азобу машаққатҳои зиёд ва пур аз хатару таҳлука умр ба сар мебаранд. Фарзандонашон аз илму маърифат дур монда бо яъсу ноумедӣ ба воя мерасанд. Мардуми азияткашидаи тоҷик, ки маротибае ин рӯзҳои пуртаҳлукаро аз сар гузаронидаанд ҳаргиз намехоҳанд, ки кишвари азизашон бори дигар гирифтори ингуна нобасомониҳо шавад. Аз ин рӯ мо ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол баҳри рушду нумӯи кишвар ва ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста намегузорем, ки афроде ба ин рӯзгори пурсаодати халқ нохушӣ орад.
Хоини миллат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад. Хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро маҳз хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва хоин сифати инсониро аз даст медиҳад!!!
Мо ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ дода, ҳеҷ гоҳ намегузорем ин гуна ашхоси бадсиришт ба истиқлолияту оромии кишвари азизамон халал ворид созанд.
Исмоилов Х.