​Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи филологияи араб чорабини тарбиявӣ бо донишҷӯёни гурӯҳи 110 дар мавзуи “Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет дотсент Ислом Раҳимов, мудири кафедра дотсент М.Анварова ва омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Дар оғоз куратори гурӯҳ А.Ғафуров доир ба “Консепсияи миллии тарбия” ва махсусан самти хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ бо истифода аз адабиёти илмӣ, методӣ ва суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррихону файласуфони классикии шинохоаи тоҷик суханронӣ кард. Баъдан, донишҷуёни гурӯҳ бо қироати шеъру гуфторҳо, маърӯзаи илмиву саҳначаи тарбиявӣ, сароидани сурудҳои муассир баромад намудаанд.

Дар интиҳо декани факултет дотсент Ислом Раҳимов перомуни муҳтавои чорабинӣ баромад намуда, мазмуни онро баланд арзёбӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ