Хатари толибон ба минтақа

Вазъияти кунунии Афғонистон баъд аз хуруҷи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо НАТО ва ба сари қудрат омадани ТТЭ Толибон барои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боиси нигаронӣ гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар Афғонистон тахмин 40 млн. нафар аҳоли сукунат доранд, ки аз рӯи маълумотҳои гуногун аз 30 то 50%-и онро тоҷикон ташкил медиҳанд. Новобаста ба ин ҳукумате, ки таъсиси он 7 сентябр эълон гардид, танҳо аз ҳисоби намояндагони пуштунҳо иборат аст, ки ба он кишвари мо муносибати мусбӣ дошта наметавонад.

Тоҷикистон, ки бо кишвари бародарӣ Афғонистон беш аз 1344 км сарҳадӣ умумӣ дорад, вазъияти сиёсии он ба мо бетаъсир монда наметавонад. Бояд дар хотир дошт, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ҳудуди Афғонистон ҳамчун манбаи воридшавии ғояҳои ифротӣ, яроқу аслиҳа, қувваҳое, ки дар ҷанги афғон таҷрибаи ҷангӣ ба даст оварда буданд, гардида буд. Барои ҳамин ҳам ҳукумати кишвар намехоҳад, ки ин таҷриба бори дигар, бо баробари дар Афғонистон ба сари қудрат омадани ТТЭ Толибон, такрор ёфта бошад. Чунин таъсири манфии вазъи Афғонистон ба дигар кишварҳои минтақа – Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон низ дар гузашта таъсири манфии худро расонида буд.

Бо мақсади баррасии қазияи ба миён омада 17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мешавад. Бояд қайд намуд, ки яке аз мақсадҳои асосии СҲШ, ки ба он Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дохил мешаванд, аз дастгирӣ ва таъмини якҷояи сулҳ, бехатарӣ ва устуворӣ дар минтақа иборат мебошад. Мақсади СААД ҳимояи ҳудудӣ-иқтисодии давлатҳои аъзо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бо ёрии артиш ва ташкилотҳои ёридиҳандаи якҷоя мебошад.

Бовари дорем, ки дар натиҷаи чораҳое, ки дар мулоқоти сарони кишварҳо қабул карда мешаванд, пеши роҳи паҳншавии ғояҳои ифротӣ, кӯшиши эҳтимолии убури сарҳад аз ҷониби силоҳбадастоне, ки дар ҳудуди Афғонистон амал менамоянд, пешгирӣ карда мешавад.

Ҳусенов Ф.Р. – дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ