​Хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ

Имрўз хатари ҷиддие, ки саросари тамоми дунёро ба таҳаллука мондааст ин терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин роҳ қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош карда ба зўрӣ ба даҳшат ва тарсонидани одамон амал менамоянд. Аз ин рў ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа,махсусан ҷавононро ,ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд ба ин гурўҳи барѓалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд.Ин гурўҳҳои ифротӣ барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонидани мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ ба зидди ақидаҳои динии онҳост ва бо ин восита мехоханд дини мубини Исломро барои барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд. Асосан имрўз қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Ба ин гурўҳи ифроти дохил шудани ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки аз дониши сиёсию дини дурр мондани онҳоро нищон медиҳад. Ҳар чӣ беҳтар дар муассисаҳои таълимӣ конфренсияҳо, мизи мудаввар, ва сўҳбатҳои берун аз синфӣ гузаронида шавад. Зеро ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,ифтихор ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гунна падидаҳои номатлуб аз он дарак медиҳад,ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ ,бехабар будан аз донишҳои ҳуқуқӣ, маълумоти кофи надоштан вобаста ба ҳаракатҳои ифротӣ мебошад.

Ба ҳамагон лозим аст,ки мо бояд фарҳнги диниюмиллиамонро боло бардорем. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон нагузорем, ки ба ҷавонон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кўр-кўронаи дунболи чунин гурўҳҳои ифротӣ рафта бошанд.Чӣ хеле ки медонем бо ташаббуси Сарвари давлат китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда,дасраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Дастгириҳои беѓаразонаи сарвари давлат аз он шаҳодат медиҳад,ки дар навбати аввал мо бояд ба қадри заҳматҳо ва дастовардҳоиПрезиденти кишвар расида аз як гиребон сар барорем.Барои пойдори ва барқарори сулҳу амнияти кишвар ҷиду ҷаҳд намоем.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Р.А

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ