Хатари бузурги ҷаҳони муосир
Дар замони муосир ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои ғаразноки худро бо ҳар роҳу васила амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари мутахассиони ин соҳа экстремизм бештар аз ҳама дар ҷанбаи вобаста ба ақидаҳои динӣ пайдо ва рушд мекунад. Сабабҳои асосии пайдоиш ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан ба маврид аст ва мо баъзе сабабҳо ва омилҳои асосии пайдоиши онро номбар мекунем. Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавии тамаддунҳо олами моро тағйир дода, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто ҳолати аз байн рафтани онро ба вуҷуд меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардад. Омили дигаре, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст» Ё дар ҷои дигар қайд шудааст: «Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд». Пас мебояд мо - насли озоди даврони истиқлолият дар фикри донишандузӣ, ободӣ ва пешравии кишвари азизамон бошем. Нагузорем, ки душманони миллат ба роҳе ё баҳоне ба дастовардҳои бузургамон назари бад зоҳир намоянд. Шукри ин давлату миллат ва таърихи куҳанбунёди он намуда, дар эҳёи анаъанҳою суннатҳои миллати худ ҳиссагузор бошем ва барои таъмини рушди устувори кишвар ва зиндагии шоистаи мардуми он бошем.
Аскар Раҳматов