Халқ ҷонибдори ваҳдат аст!

Дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки барои тараққиёту шукуфоии Ватани хеш хизматҳои шоёне ба анҷом мерасонанд ва ҳамешагӣ мекўшанд, ки барои нафъи мардум хизмат кунанду Ватани хешро обод созанд.

Дар таърихи навини тоҷик чунин шахсияти ободкору ватандўст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки бо заҳмату талошҳои худҳамешагӣ мекўшанд то ба мардум зиндагии осударо фароҳам созанд.

Аммо бо вуҷуди чунин шахсиятҳои бузург, боз дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки нисбати онҳо чӣ қадар суханҳои қабеҳтарингуфтан ҳам кам аст, ки яке аз онҳо Муҳаммадбокиров Муҳаммадбокир мебошад, ки бо амалҳои ғаразноки худ мардумро халалдор месозанд.

Қоиз ба қайд аст, ки дар шароити имрўза вақте, ки Тоқикистон ва тоқикон бисёр рўзҳои вазнинро паси сар карда, ба Ваҳдату ризоияти миллӣ расидем ва истиқлоляти устувори худро ба даст овардембояд, киба маҳалчигӣ роҳ надиҳем, бояд ки ҳамеша иттифоқ бошем ва барои сарсабзии Ватани азизамон Тоқикистон бикўшем, то ки насли имрўза ба оянда бо некӣ назар кунанд.

Тоҷикон халқи сарбаланду қавиирода буда, дар пешбурди қомеаи имрўза ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон боварӣ доранд ва ин сиёсатро бо ҳиссиёти баланди ватандўстӣ дастгирӣ мекунанд ва мекўшанд, ки бо меҳнати софдилонаи худ Тоҷикистони азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ