Хаёлоти иблисонаи аблаҳ!
Шайтони лаин пайваста кӯшиш менамояд, ки мардуми мусалмонро аз роҳи рости фаъолияти ҳаётӣ ба сӯи дигар равона намояду коре кунад, ки нафарони фирефтааш раҳгуму саргардон бошанд. Дар амалҳои худ Иблиси малъун ба хизматгороне ниёз дорад, ки ононро қаблан ба худ бо роҳи харидории имон, виҷдон, орият, нангу номус ва дигар арзишҳои инсонӣ бар ивази маблағ мутеъ кардааст. Нафарони баднафсу палид, разилу нобакор ва бадзоту бадкор аз ҷумлаи нафароне мебошанд, ки худро бо ду дасти адаб тобеъи Шайтон кардаанд.
Таърихи навин гувоҳ аст, ки пайравони фаъоли Иблис дар замони муосир нафароне мебошанд, ки бо ҳарзаҳои ифротӣ байни мардуми заҳматпеша ва роҳбарони пешбарандаи ҷомеа тухми кинаву адоват мекоранд. Дар сафи аввали чунин хизматгорони шайтон – аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо сардори манфури худ – Муҳиддин Кабирии фосиқи мазҳабфурӯш қарор доранд. Муҳаммадиқболи Садриддин, Мирзои Салимпур, Шавкати Муҳаммад, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Гадозода ва нафаре чандро хаёлоте фаро гирифтааст, ки онон чун аскарони содиқи Иблис бар зидди мардуми озоди солимфикр ба талош баромада ононро мағлуб менамоянду ҳокимиятро мутлақ ба даст меоранд ва дар оянда бо кайфу сафо, айшу ишрат зиндагонӣ мекунанд.
Наҳзатиёни гумроҳ бехабаранд, ки шайтон аллакай онҳоро хоину ватанфурӯш, дасисабозу иғвогар, палиду нобакор, манфуру разил кардаасту мардуми заҳматкаш ин ифротиёнро на дидан мехоҳаду на шунидан. Суханҳои бофтаю тофтаи онҳо ба фардони солимақл асаре надораду садоқат ба дини мубини Ислому Ватани маҳбуб мардумро чун ҷавшан аз асорати Иблису хизматгорони ӯ нигоҳ медорад. Хаёлҳои пучу алфози қабеҳи бемағзи наҳзатиён чун тири тӯп ба сӯи худи онҳо бармегардаду онон чун канаю кайки хунмак тӯда – тӯда нобуд хоҳанд шуд. Мардуми фарҳангсолору тамаддунофари Тоҷикистон бо шикастанафсиву хоксорӣ доимо бар баднафсии ифротгарои наҳзатӣ ғолиб хоҳанд буду бо заҳмати қарин, ваҳдату сарҷамъӣ Ватани маҳбуби худро ободу хуррам мегардонанд ва намегузоранд, ки шайтонсифатони наҳзатӣ ҷомеаро аз созандагию бунёдкорӣ боздоранд. Сиёсати оқилонаю хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварро якдилона аз замири қалб самимона ҷонибдорӣ намуда ҳамеша пайрави иқдомҳои инсондӯстона мебошанд.