​Гузоштани сиркалима ба диски қаиш ва флешкарта тавассути BitLocker

Семинари таълимӣ-методии кафедраи умумидонишгоҳии информатика ин навбат низ бо иштироки васеи устодон доир гардид. Ба кори семинар мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсад ва ҳадафҳоиасосии он ёдовар шуд.

Зикр шуд, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти семинари таълимӣ-методӣ дар назди кафедраи умумидонишгоҳии информатика ин дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву техникӣ ва фарҳангии устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ба роҳ мондани иртиботи илмиву техникии олимони донишгоҳ бо намояндагони марказҳои илмии кишвар, технологияҳои захирасозӣ, ҷустуҷӯи ва мураттабсозии иттилоот мебошад.

Дар семинар дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Инобатҷон Икромова дар мавзӯи “Гузоштани сиркалима ба диски қаиш ва флешкарта тавассути BitLocker” баромад карда,дар бароимуҳофизат намудани дискҳо ва флешкартаҳо аз мақсадҳои ғаразнок, инчунин маълумоти заруриро нигоҳ доштан тавассути барнома маълумот дод.

Баргузории семинарҳоитаълимӣ-методӣ дар назди кафедраҳои донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ, тафаккури техникии устодону донишҷӯён ва саҳм гузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” муҳимарзёбӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ