Густариши ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ

Дар факултети забонҳои шарқ ва факултети геоэкология ва туризм бо иштироки масъулини корхонаи кӯҳии ҶСШ ТБЕА Душанбе дар минтақаи шарқии Дуоба ва Кумарғи болои ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот сурат гирифт.

Дар кори мулоқот мудири шуъбаи кадрҳо Ҷанг Гуан Хуэй, тарҷумони шуъба Зоиров Ҷамшед, мутахассиси шуъбаи геологии корхона Нуриев Шаҳзод ширкат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ташаббуси мазкур донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисӣ ҷалб гардиданд.

Ҳадаф аз мулоқоти мазкур ҷалби мутахассисон ба ҷойҳои кории холӣ дар вазифаи тарҷумон ва таҳкими ҳамкории ҷонибҳо унвон мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки корхонаи мазкур ҳамзамон метавонад ба донишҷӯёни лаёқатманд таҳсили ройгонро аз рӯйи дараҷаи бакалавр пешниҳод намуда, пас аз хатми донишгоҳ бо ҷойи корӣ таъмин намояд.

Бо суолу ҷавоб миёни донишҷӯён ва намояндагони корхона мулоқот анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ