Гурӯҳи шармандагон

Дар баромади охирини сохтакориву фаҳши худ, ки Муҳиддин Кабирӣ ба тариқи “Ютуб” ва “Фейсбук” паҳн кард маро хело ба ташвиш овард ва виҷдону номус водорам намуд, ки қалам ба даст гираму навишам.

Он барномае, ки онҳо мавриди баррасӣ ва пешниҳод қарор доданд амалиношуданист. Диданд, ки бо суханони иғвоангезона ва гапу каловчаҳо моро сарнагун карда наметавонанд. Онҳо роҳи сиёсиро пеш гирифтанд. Гӯё бо як Барномаи фачҳу ношоямашон ҳамаро ҷалб мекарда бошанд. Тоҷикистон садҳо Барномаҳои дигарро дорад, ки то ба имрӯз аз рӯи он амал мекунаду он барномаҳо ҳаматарафа дастгирӣ ёфтаанд ва беғаразанд.

Барномаи “Паймони миллии Тоҷикистон” аниқ нест, ки чихел Барнома аст, ҳадафҳои он чигунааст. Ягон нафаре, ки баромад кард аниқу дақиқ барномаро шарҳ надод. Ҳадафу бобҳояшро шарҳ надод. Он муаррифӣ сар то по сохтакорист. Онҳо дар баромадҳояшон фақат Тоҷикистонро таҳқир карданд. Гӯё худашон барои ободии кишвар ягон кор карда бошанд. Онҳо берун аз Ватан ризқу рӯзиашонро меёбанду боз моро таъна мезананд. Худашон хизматгори хоҷагони хориҷа ҳастанд. Бар ивази хоиниашон пулҳои калонро гирифта гаштаанд. Инсони комилу Ватандӯст дар ҳаминҷо истода барои халқу Ватанаш хизмат мекунад. На аз берун. Шармандагони миллат худи шумо хоинонед. Берун аз кишвар бар пушти миллати тоҷик корд мезанед. Магар худи Шумо ягон кори нек кардед. Магармактаб сохтаед корхона, боғча ва ё беморхона умуман чӣ кор кардаед. Ягон кор накардаед. Айни ҳол тинҷиву оромиро нигоҳ доштан кори осон нест. Ва на ҳар кас аз ӯҳдаи ин кор мебарояд. Мо имрӯзҳо худамон шоҳиди он ҳастем, ки дар давлатҳои хориҷа бесарусосониҳо роҳпаймоиҳо шуда истодааст. Давлатро обод кардан кори осон нест.Зеро маҳз меҳнатдӯстиву меҳнатқаринӣ ва якдиливу якпорчагии мо тоҷикон буд, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ Истиқлолиятро ба даст овардем. Ҳаргиз намегузорем, ки Ватанамон ба дасти Шумо барин хоинон афтад.

Ҳама тан ба тан, ҷон ба куштан диҳем

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ