Гуруҳи 24 - лагандбардори хоҷагони хориҷӣ

Дар сомонаҳои интернети фаъолони гуруҳи 24, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, наворҳоропаҳн кадрда дар байни мардум иғво барангехтанианд.

Онҳо руйдодҳои охири ҶумҳурииТоҷикистонро гирифта бар зидди сиёсти имрузаи кишвар баромад карда истодаанд. Масалан фоҷиае, ки дар ВМКБ рух дод ин фаромадни тарма ба хонаҳои сокинонро, ин офати табииро истифода намуда истодаанд. Гуфтан ба маврид аст, бино ба иттилоои расонаҳои хабарӣ ба ҳар оилаӣ қурбонии тарма 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шудааст. Ҳамчунин барои ҳаряк оилаи зарардида кўмаки яквақтинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шудааст. Бағайр аз ин боз лавозимоти рўзғор барои осебдидагон фиристода шудааст. Ҳамаи инҳоро фаъолони гуруҳи 24 намегўянд, онҳо бо гапҳои дуруғ ҳатто муҳоҷирони берун аз кишварро гумроҳ карданианд.

«Гурухи 24» яке аз гуруҳҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии қарор гирифтааст, кибо баромадҳои носанҷида ва кўшиши бефоида ва дахолати муғризона ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аврупо истода санги маломат бар болои миллат зада истодааст. Имрўзҳо дар шабакаҳои интернети дар барномаи маъруф ба номи Садои мардум суханҳое ба забон оварда истодаанд, ки сабаби тафриқаву фитна дар байни мардуми шарифи тоҷик мебошад.

Ин гуна гуруҳҳо бо роҳи макру фиреб ҳазорон ҷавонро ба сӯи худ ҷалб сохта, онҳоро қурбони амалҳои нопоки худ гардонида истодаанд. Хушбахтона, тайи солҳои охир ҷавонон кам фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. Имрӯзхо Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад, то ин ки пеши роҳи фаъолиятҳои ифротӣ гирифта шавад.

Душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Яъне, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро, ки баҳри таъмин намудани сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд. Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин гуна гуруҳҳои ифротӣ мубориза бурда истода аст.

Хушбахтона, имрӯзҳо мо - мардуми Тоҷикистон дар фазои осоишта умр ба сар мебарем ва шукронаи ин неъмати бебаҳоро бояд ба ҷо орем.

Барно Умарова – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ