​Ғолибони озмуни умумидонишгоҳии “Кафедраи беҳтарин-2021” қадр шуданд

Дирӯз дар ҷамъбасти дастовардҳои илмии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ғолибони озмуни умумидонишгоҳии “Кафедраи беҳтарин-2021-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти таълим, илм ва инноватсия қадр шуданд.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷик бо нишондодани фаъолияти хуби илмӣ сазоворӣ ҷои аввал, кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ мақоми дуюм ва кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ, кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ ҷои сеюмро ишғол намуда, бо “Нишони фахрӣ” сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин дар бахши илмҳои дақиқ кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ барои ихтироот ва дастовардҳои тозаи илмӣ сазовори ҷои аввал, кафедраи кори бонкии факултети иқтисодӣ, кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарори факултети математика ҷои дуюм ва кафедраи технология ва методикаи таълими они факултети санъати тасвирӣ ва технологӣ ва кафедраи электроникаи факултети физикаю техника зинаи сеюро касб намуда, бо “Нишони фахрӣ” тақдиронида шуданд.

Кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар байни кафедраҳои умумидонишгоҳӣ сазовори мақоми аввал дониста шуда, сазовори “Нишони фахрӣ” гардид.

Дар самти таълим бошад бо “Нишони фахрӣ” кафедраҳои методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии факултети филологияи рус ва кафедраи умумидонишгоҳи информатика тақдиронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ