​Ғолибони озмуни “Олими сол – 2022” қадр шуданд

Дар чорабинии тантанавии донишгоҳ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ғолибони озмуни “Олими сол – 2022” қадр шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши илмҳои дақиқ Қодиров Абдулаҳат, доктори илмҳои физикаю математика, барои гирифтани љойи сеюм, Ғаффорзода Абдуманнон, дотсенти факултети математика барои гирифтани љойи дуюм, Алиҷонов Ҷамшед, доктори илмҳои иқтисодии факултети иқтисодӣ барои гирифтани ҷойи аввал қадр шуданд.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Файзуллоев Бахтиёр, дотсенти факултети филологияи ӯзбек ҷойи сеюм, Исоматдинов Ҷӯрабек, дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ љойи дуюм ва Аъзамов Субҳонҷон, дотсенти факултети филологияи тоҷик ҷойи якумро сазовор гардиданд.

Дар озмуни “Олим ҷавони соли 2022”-ро дар бахши илмҳои дақиқ Тӯйчиев Анварҷон, сармуаллими факултети математика ҷойи сеюм, Бобоев Нозим, дотсенти факултети иқтисодӣ љойи дуюм ва Раҳматов Муҳаммадӣ, сармуаллими факултети физикаю техника љойи аввалро ишғол намуданд.

Аз рӯи бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Тоирова Мавлуда, сармуаллимаи факултети санъати тасвирӣ ва технология (љойи сеюм), Ашрапов Баҳодур, сармуаллими факултети забонҳои шарқ (љойи дуюм) ва Азизов Сорбон, дотсенти факултети филологияи тоҷик (љойи аввал) “Олими ҷавони соли 2022” унвон шуданд.

Ба ғолибон диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми аз 1500 то 3000 сомонӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ