Ғолибони "Навои ҷавонӣ-2022" қадр шуданд

Ба муносибати қадршиносии ғолибони "Навои ҷавонӣ-2022" чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба устодону донишҷӯёни факултетҳо, ки дар фестивал-озмуни "Навои ҷавонӣ-2022" фаъолона ширкат намуданд, изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, ки ташаббуси мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он дарёфт ва рушди истеъдод миёни донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ афзуд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста талош дорад, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт аз тамоми имконият истифода ва иқдому тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи натиҷаи фестивал-озмун аз рӯйи холҳои бадастовардаи дастаҳо Шоҳҷоиза насиби факултети филологияи тоҷик,

ҷойи якум сазовори факултети забонҳои хориҷӣ, ҷойи дуюм насиби факултети забонҳои шарқ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус шуда, ҷойи сеюмро дастаи факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва математика соҳиб гардиданд.

Ректори донишгоҳ ғолибонро табрик гуфта, ба садорати факултетҳо диплому мукофотпулӣ супорид.

Ҳамин тавр, ҷиҳати ба даст овардани Шоҳҷоиза 6 ҳазор сомонӣ, барои ишғоли ҷойи якум, 4 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи якум 1,5 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ