​Ғолибияти дастаи донишгоҳ дар давраи вилоятии мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми ноябри соли 2021, таҳти №05-572 ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 28 ноябри соли 2021марҳилаи дуюми мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқаҳо аз рӯи 8 намуд:бокс, волейбол (байни донишҷӯписарон), волейбол (байни донишҷӯдухтарон), гӯштини миллӣ, гӯштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, шоҳмот ва варзиши сабук роҳандозӣ гардида, дастаҳои донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Дастаи донишгоҳ аз рӯи намуди бокс 6 медали тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ ба даст оварданд. Аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи озод 6 медали тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ, гӯштини дзюдо – 5 медали тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ, гӯштини миллӣ – 6 медали тилло, 3 нуқра, 5 биринҷиро соҳиб шуданд. Дар намуди варзиши сабук – 25 медали тилло, 8 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст оварда шуданд.Аз рӯи намудҳои волейбол байни донишҷӯписарон ва волейбол байни донишҷӯдухтарон дастаҳои донишгоҳ мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Аз рӯи намуди шоҳмот байни донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон 2 медали тиллоро сазовор гардиданд.

Дар маҷмуъ, дастаи варзишгарони донишгоҳ бо гирифтани 50 медали тилло, 20 нуқра ва 28 биринҷӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии вилояти Суғд мақоми аввалро соҳиб гардида, ба марҳилаи сеюм (давраи ҷумҳуриявӣ)-и мусобиқаҳо роҳхат гирифт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ