​Фурўғи маърифат

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ маҳфили илмӣ – амалӣ таҳти унвони«Фурўғи маърифат» созмон дода шуд. Маҳфили мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳоирушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил гардид.

Дар маҳфил донишҷўён оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмии як қатор олимони забоншиноси тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадҷон Шакурӣ, Баҳриддин Камолиддинов, Вера Расторгуева,Муҳаммад Лутфуллозода, Шарифзода Файзулло ва дигарон маълумот доданд.

Дотсенти кафедраи назария ва методикаитаълими ибтидоӣ Каримова Моҳӣ оид ба мавзўи «Имлои нави забони тоҷикӣ» маърўза намуда, иштирокчиёни маҳфилро бо тағйироти имлои забони тоҷикӣ шинос намуд.

Дар ҷараёни маҳфилдонишҷўён ба ду гурўҳ -«Фурўғ» ва«Маърифат» ҷудо шуда, донишҳои назаривии худро оид бафанҳои забони адабии ҳозираи тоҷик ва методикаи таълими забонмуаррифӣ намуданд.

Қисмати фарҳангии маҳфил бо намоиши саҳна аз рўи ҳикояҳои «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ бо номи «Хаққи устод»анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ