​Функсияҳои элементарии тағйирёбандаи комплексӣ

Дар факултети математика аз тарафи Охунов Нозимҷон, сармуаллими кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Муҳсинов дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ гузаронида шуд.

Дарс аз фанни назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ доир гардида, ба мавзӯи «Ҳалли мисолҳо доир ба функсияҳои элементарии тағйирёбандаи комплексӣ» бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ташаббуси мазкур донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси математика ҷалб гардида, дар дарс намояндагони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот иштирок намуданд.

Дарс бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, тахтаи электронӣ, муаррифӣ, кори гурӯҳӣ гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ