​Филологияи рус: аз озмун то маҳфили илмӣ

Давоми ҳафтаи равон дар факултети филологияи рус дар доираи ҳафтаи илм як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус таҳти унвони “Донандагони адабиёти классикии рус” викторина ва озмуни “Хонандаи беҳтарин” гузаронида шуд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси масъулини кафедраҳои факултет дар мавзӯи «Актуальные проблемы русского и зарубежного литературоведения» маҳфили илмии донишҷӯён доир шуд.

Гуфта мешавад, ки дар меҳвари ин ташаббусҳо татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълими ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2030” қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ ба ин чорабиниҳо давоми ҳафта 150 нафар донишҷӯён ҷалб гардида, фаъолон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ