Филми ​«Шикасти фитна» пардаро аз рӯйи ҷинояткорон бардошт

Баъди тамошои филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» воқеаҳои рӯйдодаи солҳои охир дар Бадахшон, хоса шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон пеши назар меоянд. Дар пеши инсоният ва ҳама гуна ҷомеа ду роҳ аст: пешрафт, рушд ва такомулу инкишоф ва ё таназул, пасравӣ ва нобудӣ.

Беҳтарин неъмате, ки миллати тоҷик ро насиб гаштааст, ин истиқлол, субот, оромӣ ва амнияти комили ҷомеа мебошад, ки кишвари моро ба пешрафт ва ҳаёти осоишта оварда расонидааст. Беҳуда нагуфтаанд; «ба қадри неъмат нарасидан ношукрӣ аст». Саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноятпеша дар Бадахшон Алим Шерзамонов, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Улфатхоним Маҳмадшоева ва Холбаш Холбашев оби софи Помиро ифлос намуда, моҳӣ гирифтанӣ шуданд ва дар натиҷа, ба гирдоби ин оби лойолуд даҳҳои ҷавонони ноогоҳ фирефта гашта, ба шасти ин ҷинояткорон афтоданд ва ояндаи худро тираю норавшан сохтанд. Ҳатто яке аз онҳо ҳангми суҳбат ва иқрори ҷинояти худ ба муқаддасоти миллӣ – забони модарӣ беэҳтиромӣ карда, бо забони хориҷӣ суҳбат мекунад. Ин амалро мо борҳо дар рафтори дигарон ҳам мушоҳида мекунем. «Як бор ҷасти малахак, дубор ҷасти малахак, охир ба ба дасти малахак» беҳуда намегӯянд. «Шикасти фитна» бори дигар ҳар шахси солимфикру худогоҳ ва дурандешро водор месозад, ки ба дасисаҳои душманони миллат дода нашаванд. Онҳо ҳанӯз ҳам чашми нотавонбин доранд, ҳаёти хушбахтонаву осоишта намехоҳанд.

Халқи тоҷик ва мардуми шарифи Бадахшон баъди томошои филм фаҳмидаанд, ки об аз куҷо лой аст ва киҳо онро ифлостар карда истодаанд. Доираҳои ғаразноку бадбини Истиқлолу ҳаёти осоиштаи миллати тоҷик ҳанӯз ором нашуда, дар паий ворид кардани фитна ва вайрон кардани авзои ороми ҷомеаи мо мебошанд. Моро мебояд, ки аз ин сабақҳо хулосаи даркорӣ бароварда, барои пешрафт, тараққиёт, инкишоф ва ҳаёти хушу хуррами насли ҷавон ва фарзандонамон хомушу бетараф набошем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи тарбияи насли ҷавон, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва огоҳӣ доштани онҳо аз таърихи гузаштаи халқу миллат ҷиддӣ муносибат кунем. Имруз фурсате фаро расидааст, ки мо-халқи тоҷик бори дигар садоқаташро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи дурусти интихобкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон диҳем.

Воқеаҳои кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон бароямон дарси зиндагӣ аст ва бояд водор созад, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо - Истиқлол, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ, амнияти давлату миллат, рушти бунёдкориву ободонӣ дар мамлакат бирасем ва дар ҳифзи ин дастоварҳо ҳатто ҷони худро дареғ надорем. Мардуми заҳматписанд амалҳои иғвоангезу террористиро қатъиян маҳкум намуда, аз тамоми аҳолии ҷумҳурӣ, хоса ВМКБ даъват ба амал меоранд, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат беш аз пеш иттиҳоду сарҷамъ бошем.

Назарӣ А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ