Филми "Шикасти фитна" ошкоркунандаи амалҳои хоинони миллат

Филми “Шикасти фитна” тавонист, ки чеҳраи аслии фурухташудаҳо ва асолатбохтаҳои наҳсатиро ошкор созад. Ҳайратовар ин аст, ки пас аз овардани далелу фактҳои радношаванда ва шоҳидҳои намоён ин душманони миллат гуноҳи худро эътироф намекунанд. Асолатбохтаҳои наҳзатӣ зери роҳбарии М.Кабирӣ ва А.Шерзамонов тавонистанд, ки милси худ ҷинояткорони ҷомеаи Бадахшонро пайдо кунанд ва ба ивази пешниҳоди маблағ онҳоро барои ҳамкорӣ ташвиқ намоянд. Дар ҳақиқат ҷои нанг аст, ки баъзе нафарони бадахшонӣ барои пулу мол шуда, фирефтаи ин иблисон гардиданд ва мардуми худро ба ҷангу куштор тела доданд.

Филми “Шикасти фитна” бевосита исбот намуд, ки ҳодисаҳои хунини тайи солҳои охир дар Бадахшонро душманони оромиву осудагии ватанамон дар хориҷи кишвар роҳандозӣ кардаанд. Наҳзатиҳои фурухташуда нақшаи бетартибиҳо ва кушторҳоро дар давлатҳои Аврупо кашида, баҳри амалӣ кардани амалҳои ваҳшии худ М.Мамадбоқиров, Х.Холбашев, У.Мамадшоева (собиқ зани Х.Холбашев) ва дигар нафарони ҷинояткорро истифода кардааст. Боиси хиҷолат аст, ки аз дохили мардуми сарбаланди Бадахшон чунин нафарони палиду зархарид баромада, ҳамватани худро тариқи дурӯғ ба тарафи худ ҷалб карда, дар ҳамоишу митингҳо муқобили давлату миллат равон кардаанд. Дар ҳодисаҳои нанговар ҷони ҷавонони бадахшонӣ қурбон гардид, вале миҷаи ҳеҷ кадоме аз наҳзатиҳои ҷангандоз хам нахӯрд. Баръакс онҳо ба ивази ташкили ин бетартибиҳо дар Бадахшон аз хоҷагони худ миллионҳо доллар ба даст оварда, тиҷорат ва кайфу сафои худро дар давлатҳои Аврупо идома дода истодаанд.

Аксарияти истифодабарандагони огоҳ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ин амали ваҳшиёнаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии М.Мамадбоқиров, Х.Холбашев, У.Мамадҷонова ва аҳли наҳсатро нодурусту террористӣ унвон дода, ба иштирокчиёни воқеаҳои хунуни Бадахшон лаънат фиристоданд. Вале боз ҳам тарафдорони ҷанги бародаркӯш дар Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ он амалҳоро бо навиштани мақолаҳои дурӯғину сохта худро сафед карда истодаанд. Албатта, ин як амали маъмулӣ ҳаст, чун таҷриба нишон додааст, ки ҳеҷ як ҷинояткор гуноҳи худро ба гардан намегирад. Наҳзатиҳои асолатбохта низ аз ҳамин усул истифода бурда, бо нашри мақолаҳои худсафедкунӣ амалиёти террористи худро руйпӯш карда истодаанд. Ин фурухташудаҳои иблисмонанд, дар ягон ҳолат ҷинояти нангини худро қабул нахоҳанд кард, чун онҳо аз имону виҷдону инсоф фарсахҳо дуранд. Агар аз ин неъматҳои илоҳӣ бархурдор мебуданд, чандин амалиётҳои террористии худро дар муқобили давлату миллати тоҷик, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он низ қабулу эътироф мекарданд. Вале доимо аз худ фариштаи бегуноҳ метарошанд.

Бояд хотиррасон кард, ки он факту далелҳои филми “Шикасти фитна” бисёр дақиқу ошкор буда, танҳо нафарони дорои ақли солим ва огоҳ аз ин падидаҳо дарк хоҳанд кард. Дар асоси далелҳои овардашудаи суратҳисобҳои бонкӣ ҳақиқатан У.Мамадшоева бар ивази додани маълумотҳои махфӣ ба ҷосусони давлатҳои хориҷӣ маблағ ба даст овардааст. Бисёр хиҷолатовар аст, ки як модари тоҷики дорои маълумоти олӣ ба ивази пули пучаке ба чунин амалҳои ҷинояткорона даст задааст. Ин кори У.Мамадшоева нишонаи баднафсии онро талқин мекунад. Хиёнати Х.Холбашев низ нобахшиданист, ӯ тайи чандин сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмат карда, аз як ҷинояткори солҳои 90-ум, ки дар натиҷаи дилсӯзиву гузашти давлат авф шуда буд, то ба сатҳи генералӣ расид. Вале чун хиёнату баднафсӣ дар вуҷуди ӯ нақш баста буд, бори дигар фирефтаи душманони давлату миллат гашта, ба Ватан-Модар хиёнат карда, савганди ҳарбиро шикаста ба фаъолияти террористӣ даст зад. Аз ин лиҳоз, амалҳои ин ҷинояткорон дар назди мардуми Бадахшон ва тамоми Тоҷикистон нобахшиданист ва дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

Дар мавриди хиёнаткориҳои пайвастаи наҳзатиҳо дигар забон лол мемонад, чун баъди ин қадар фаъолияти террористӣ дар муқобили миллати тоҷик онҳо тавба нахоҳанд кард. Зеро роҳбар ва кулли муридҳои наҳзатӣ беҳувият ва асолатбохтаанд. Ба назари ман пас аз он, ки наҳзатиҳо аз ташкили дастаи ҷанговарони худ эълон карданд ва бо гурӯҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ (Созмони ҷамоати “Ансоруллоҳ” ва “ДОИШ-Хуросон”-и Афғонистон) ҳамкориҳои доимии худро ҷоннок намуданд, танҳо дар майдони ҷанг бо онҳо рӯ ба рӯ хоҳӣ шуд. Яъне, дар ҳолате, ки террористони наҳзатӣ дар ҳудудҳои кишвари мо чунин амалҳои террористии навбатиро анҷом медиҳанд, бояд чун хоини миллату давлат нобуд карда шаванд.

Суҳроби Рустам

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ