​Фестивали “Сад ранги чакан”

Бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандўзӣ, сўзанидўзиву гулдўзӣ, порадўзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ дар ин фестевал аз рӯйи номинатсияҳои либосҳои қадима, рӯзмарра, расмӣ ва идона фаъолона иштирок намуданд. Тарроҳони факултети санъати тасвирӣ ва технологиялибосҳои худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуда, аз рӯйи номинатсияи идона ҷойи аввалро ишғол ва ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки Фестивали «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик баргузор гардида, аз рӯйи 6 номинатсия - либосҳои қадима, либосҳои расмӣ, либосҳои рӯзмарра, либосҳои идона, либосҳои кӯдакона ва сӯзанидӯзӣ гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ