Фестивал - озмуни вилоятии “Сад ранги чакан”

Омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони факултети санъати тасвирӣ ва технологиядар фестивал - озмуни вилоятии “Сад ранги чакан”, ки дар боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал тарғиби либосҳои миллӣ, эҳё ва рушди санъати чакандӯзӣ унвон мешавад. Қабл аз оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти чакан ташкил карда шуд, ки дар он ҳунармандони чирадасти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар намоишгоҳ либосҳои миллӣ, сузанӣ, рӯйпӯшҳои деворӣ, камарбанд, пиёла, ороиш бо нақшҳои чакан ба маърази тамошо гузошта шуданд. Фестивал - озмуни “Сад ранги чакан” аз рӯи чор номинатсия – либосҳои чакани қадимӣ, либосҳои кӯдакона, либоси ҷашну идона, либосҳои расмӣ баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони факултети санъати тасвирӣ ва технология аз рӯи номинатсияи либосҳои расмӣ дар байни тарроҳони шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори ҷойи намоён гардида, бо диплом ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ