​Фестивал – озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ - 2022”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фестивал – озмуни “Навои ҷавонӣ - 2022” ба кори худ оғоз намуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом дар маросими ифтитоҳии фестивал таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он дарёфт ва рушди истеъдод миёни донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат ҷавононро такягоҳи боэътимод ва нерӯи пешбаранда унвон намуда, ҷиҳати дастгирии намояндагони ин насли ояндасоз дар соҳаҳои гуногун мунтазам дастуру супоришҳои судманд медиҳанд.

“Дар ин замина Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста талош дорад, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт аз тамоми имконият истифода ва иқдому тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Ташкили фестивал – озмуни “Навои ҷавонӣ” аз зумраи ҳамин ибтикор аст, ки ҳадаф аз он дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва лаёқатманд унвон мешавад”.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар фестивал дастаи факултетҳои забонҳои шарқ, таърих ва ҳуқуқ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, психология ва таҳсилоти томактабӣ, филологияи рус ва факултети иқтисодӣ иштирок намуда, маҳорат ва ҳунари худро аз рӯйи номинаҳои “Навозиши умумӣ ё якка”, “Суруди якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” нишон доданд.

Ҳамакнун мавқеи дастаи факултетҳо тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон барои факултети забонҳои шарқ - 33,75 хол, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус – 32,25 хол, таърих ва ҳуқуқ – 31,5 хол, психология ва таҳсилоти томактабӣ – 26,75 хол, филологияи рус – 23,75 хол ва факултети иқтисодӣ – 17,25 хол унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки иштироки дастаҳои дигар факултетҳо идома дошта, дар назар аст, ки ғолибон дар чорабинии тантанавӣ бо ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Хотиррасон менамоем, ки фестивал – озмуни “Навои ҷавонӣ” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ