Феълу хӯйи маркабӣ
Мутаффакирону муҳаққиқони сершумор исбот намудаанд, ки пайдоиши панду ҳикматҳо, қиссаву ривоятҳо, андарзу насиҳатҳои халқӣ заминаи воқеӣ дораду одатан обуранги эҷодӣ мегирад, кимаъною зермаънои ононро то ба андозае дигаргун менамояд. Вале, ин тағйирёбӣ боиси ғалату саҳвшавии маънои аслии ин ҳикматҳои халқӣ шуда наметавонад.
Дар радифи эҷодиёти фолклории халқӣ қиссае нақл карда мешавад, ки рӯзе як нафар ба бозори чорво барои фурӯш маркаби худро мебарорад ва аз даллоли бозор хоҳиш менамояд,ки дар ин савдокӯмак кунад. Даллолибозорӣ бо нияти ба даст овардани даромад ба суханпардозӣ оғоз карда сифатҳои пуртоқатӣ, борбардорӣ, чолокӣ, ғайрату дигари маркаби он нафарро дар қиёси аспи давон мадҳу сано мехонад. Мардум аз ин муқоисаи маҷозӣ дар ҳайрат мондаву баъзеи онҳо ба далели аз аспи давон боло будани хислатҳои маркаб бовар мекунанд. Дар қатори соддалавҳони фиребхӯрда соҳиби маркаб низ буд, ки ҳангомаи даллолро шунида азнияти фурӯши маркаб бозмегардад. Зеро, аз таърифи даллол маъно мебардорад, ки маркабаш аз аспи давон беҳтар будааст ва ҷонзоти худро нафурӯхта ба хона бармегардад. Танҳо дар хона ба ёд меорад, ки маркаб якраву палид, пиру фартут шудаасту дар дами марг қарор дорад. Дарки маънои қиссаи мазкур ба тафаккури ҳар нафари хонанда ҳавола карда мешаваду нисбати кадом афрод равона гаштани онро низ худ тасаввур менамояд.
Замони муосир даврони иттилоот асту ҳама тоифаи аҳолӣ аз дастрасии бемамониат ба навидҳо бархурдоранд. Вале, мутаасифона на ҳар фард навиди хондаю шунидаашро воқеан таҳлилу ташхис мекунаду бештар ба зоҳири хабарҳо бовар карда фирефта мешавад. Дар заминаи қиссаи баёнёфта таҳлил кардани амалҳои ифротии гурӯҳи афроди нокас, ки имрӯзҳо бо номи Паймони миллии Точикистон овоз баланд мекунанд, ба фикру андешаи ҷолиб меоварад. Гӯёсоҳиби маркаб хоҷагони хориҷии маблағгузор бошанд, ки маркаб - нахзатиёни хоину ватанфурушро барои савдои мансабталошӣ ба бозори васеи ҷаҳон баровардаанду худ аз беқадрию пучқимматии маркаби худ бехабаранд. Ҳайҳот, ки аз дасисабозию иғвагариҳои палидонаи наҳзатиён бо сардории Муҳиддин Кабирии манфур фоли неки расидан ба мақсадро мебардоранд, ки хаёлоти пучу хом аст. Баъд аз бозгашти маркаб ба хона, яънехато хӯрдани ҳадафҳои аслӣ хоҷагони аблаҳи аҷнабӣ огоҳ мешаванд, ки пуфаксуратони иблиссифатро парвариданду алҳол баъди бозгашт аз бозори пурсавдои ҷаҳонӣ маркаби якраву фартут - ташкилоти террористию экстремистииҳизби наҳзати Исломиромаргу талвосаи ҷон пеш омадасту халос. Хоҷагони аҷнабӣ чун соҳиби маркаб фирефтаи суханҳои даллол шуданду мақоли пурҳикмати халкиро фаромӯш кардаанд, ки “кузпуштро танҳо чуқуриигӯр рост мекунад”.!
Лаънати оламиён ба наҳзатиёни маркабсифату
хоҷагони лаини онҳо!!!!!!!!!
М.С.Собиров-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
М.А.Дадобоев-сармуаллими факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”