​Феълу хӯи маркабӣ аз куҷост

Мардум аз қадимулайём дар асоси таҷрибаи андӯхтаи ҳаётӣ ба хулосае омадаанд, ки аз ҳайвонҳои ромшуда маркаб бо якравии беҳуда фарқ карда меистодааст. Ин феълу хӯи бадаш доимо боиси шаттахӯрӣ ва маҳдуд гардидани истифодаи ин ҷонвари заҳматкаши пуртоқат мешавад. Зеро, дар лаҳзаҳои зарурӣ бо якравию бефаҳмиаш ба кор халал мерасонад.

Шиносоӣ бо фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати Ислом, роҳбари кунунии он Муҳиддин Кабирии манфуру маккор ва думравони чоплуси ӯ давоми солҳои пешин ва давраи муосир, таҳлили амалҳои онҳо маълум менамояд, ки ин тоифа феълу хӯи монанд ба маркабро доранд. Масалан, яқин медонанд. ки ҷаҳониён, аз он ҷумла мардуми кишвар аз нопокию палидиҳои онон бехабар ҳастанду ба онон эътимод надоранд. Чунки, хиёнату ватанфурӯшӣ, мазҳабфурӯшию иғвоангезӣ, дасисабозӣ ва дигар амалҳои муғризонаашонро ҳама дарк кардаанду касе ба онҳо дигар боварӣ надоранд. Вале, бо феълу хӯи маркабӣ пайваста бо талқини ғояҳои ифротӣ ва ғайрибашарӣ баромад мекунаду аз ҳарзагӯӣ ҳатто шармашон намеояд. Яқин аст, ки нангу номус надоранду фаҳму фаросаташон намерасад, ки шармандагию беобрӯии худро дарк намоянд. Эҳтимолан, соҳибмаълумотии онҳо то ба он дараҷаест, ки фикри мустақили солим, иродаи устувор надоранду дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии маблағгузорашонро тӯтивор бо феълу хӯи маркабӣ ба иҷро мерасонанд. Ё худ, хоҷагонашон низ соҳиби чунин феълу хӯй мебошанд, ки рушди ҷомеа ва огоҳии мардум аз ботини сиёҳи онҳоро фаҳмидан намехоҳанд. Ғарази ғасби ҳокимияти давлатӣ пилки чашмонашонро пӯшидаву якравии маркабиро роҳи расидан бамақсади нопок мешуморанд?!Ё фаҳму фаросат надоранд, ки дарки онро кунанд, ки Парвардигор муғризу сиёҳдилро ба мақсади нопокаш намерасонад? Ё худ аз қудрати Яздони пок бехабаранд, гарчанд худро мусалмону диндор метарошанд?

Хулосаи андешаҳои баёнгашта барои ҳамаи соҳибақлон аён аст,ки “бори каҷ ба манзил намерасад”! Алалхусус, агар боркаш маркаби якрави бефаҳм бошад!? Дар олами ҳастӣ аз Кабирию думравонаш, хоҷагони маблағгузорашро танҳо доғи бадбӯи сиёҳи маркабӣ боқӣ мемонаду подоши он амалҳои ифротӣ дар олами фонӣ оташи ҷаҳаннам! Огоҳ бошед, ки халқи тамаддунсозу бунёдкор ва созандаи Тоҷикистон ҳеҷ давру замон фирефтаи ҳарзаю бофтаҳои ифротии нафарони наҳзатӣ нахоҳанд шуд ва заҳмату кӯшишҳояшонро бо сарҷамъиву якдилӣ ба сӯи ободу хуррамсозии Ватани худ равона хоҳанд кард!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ