«Фарҳанги оиладорӣ»: «Хушбахтии оилавӣ дар чист?»

Дар толори факултети физика ва техника нишасти навбатии маҳфили«Фарҳанги оиладорӣ» доир гардид. Маҳфили навбатӣ ба мавзуи «Хушбахтии оилавӣ дар чист?» бахшида шуд.

Дар доираи кори маҳфил таъкид гардид, ки оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст.

Гуфта шуд, ки оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзғордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меом¢зад.

Перомуни мавзуи меҳварии маҳфил маърӯзаи сармуаллими кафедраи фарҳангшиносӣ Салимов Эраҷ шунида шуд.

Зимни ироаи маърӯза расидан ба хушбахтии оилавӣ аз нигоҳи мутафаккирони форсу тоҷик, хосатан Ибни Сино, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идома сармуаллими кафедраи фарҳангшиносӣ Қорихонов Саидваққосхон таҳти унвони «Интихоби ҳамсар аз нигоҳи мутафаккирони форсу тоҷик баромад намуд.

Дар қисми фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва геоэкология шеър, гуфтор ва саҳначаҳо ба намоиш гузошта шуд.

Сурудҳои пурмазмун дар иҷрои санъаткорон Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо ба кори маҳфил мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ